Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Федератсияи Иттифоқҳои касаба ба 111 нафар донишҷӯёни ятим ва маъюби Донишгоҳи давлатии Кӯлоб кумак расонид


Федератсияи Иттифоқҳои касаба ба 111 нафар донишҷӯёни ятим ва маъюби Донишгоҳи давлатии Кӯлоб кумак расонид


/АМИТ «Ховар»/. Ба 111 нафар донишҷӯёни ятим ва маъюби  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон кумаки молиявӣ расонида шуд. Кумакҳоро имрӯз Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода  зимни вохӯрӣ бо ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба донишҷӯёни ятим ва маъюб расонид.

Дар вохӯрӣ Маликшо Неъматзода доир ба самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, аз нуктаҳои раҳнамунсози он намунаҳо овард.

Зикр шуд, ки ғамхорӣ ба ятимону маюъбон ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва меҳвари сиёсати иҷтимоии ҳукумат қарор дошта, ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбад.

Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ҳамзамон ба собиқадорони соҳаи иттифоқҳои касаба ифтихорномаҳо супорид.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода