Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Кӯлоб беш аз 150 ҳазор бех ниҳол шинонидаанд


ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Кӯлоб беш аз 150 ҳазор бех ниҳол шинонидаанд


Аз ҷониби Бозрасии ҳифзи муҳити зисти  минтақаи Кӯлоб бо мақсади ободу зебо намудани шаҳраку деҳот, инчунин иҷро намудани нақшаи  сабзазоркунӣ, ниҳолшинонӣ  ва солимгардонии муҳити зист  барои соли 2021  маъракаи ниҳолшинонӣ ва хуррамгардонӣ оғоз ёфта, то ин муддат 155 ҳазору 378 адад ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ шинонида шудаанд, ки  93,3 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Бино ба иттилои мудири бахши  назорати давлатии  истифода  ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии  муҳити зисти минтақаи Кӯлоб  Баҳодур Бобоев, ҳоло маъракаи ниҳолшинонӣ дар даҳ шаҳру  ноҳия идома дошта, аксари ноҳияҳо нақшаро иҷро кардаанд.

Кормандони  Бозрасӣ баҳри сазовор истиқбол гирифтани  Наврӯзи Аҷам  ба тозагии  кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ва  маҳаллаҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар ин самт назорати қатъӣ мебаранд. Масъулини Бозрасии ҳифзи муҳити зист  бо марказҳои санитарию  эпидемиологӣ, корхонаҳои фаръии манзилию коммуналӣ ва дигар ташкилоти соҳавӣ  ҳамкорӣ дошта, баҳри зебо гардонидани  марказҳои  шаҳраку деҳот гулҳои мавсимӣ мешинонанд.

Масъулин  ба ҳифзи наботот, ҳайвонот ва парандагони нодир низ тавааҷҷуҳ дошта,  дар ҳолати боридани барф корҳои биотехникӣ гузаронида, ба парандагон дон ва ба ҳайвонҳои ваҳшӣ  коҳу беда мегузоранд.

/АМИТ «Ховар»/

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода