Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » КОНСТИТУТСИЯ ВА САОДАТИ ЗАНОН


КОНСТИТУТСИЯ ВА САОДАТИ ЗАНОН


“Мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд”.

 

Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсия дар ҳама давру замон таҷассумгари арзишҳои миллии давлату миллат мебошад. Маҳз бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва бо азму талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон 6 ноябри соли 1994 халқи тоҷик ба тариқи раъйпурсӣ Конститутсияи худро қабул намуд. Дар   Ҷумҳурии Тоҷикистон занон дар баробари   мардон аз ҳамаи ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву шахсӣ бархӯрдоранд. Мақому манзалати Зан-модар хеле баланд аст. Таъмини рушди ҳаматарафаи занонро дар соҳаи сиёсӣ  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.  Дар боби дуюм, моддаи 17, банди 2-и Конститутсия  дар бораи имкониятҳои баробарии мардон ва занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ сухан меравад.  Ҷиҳати иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷомеа  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои баробарҳуқуқии занон ва мардон ва   имкониятҳои  баробари  онҳо»   аз 1 марти соли 2005  қабул гардидааст. Дар баробари ин, бояд қайд кард, ки Тоҷикистон аз давлатҳои собиқ Шӯравӣ аввалин давлатест, ки конвенсияҳои байналмилалии «Дар бораи  ҳуқуқҳои сиёсии занон», «Дар бораи ҳуқуқи кӯдак», «Дар бораи барҳам задани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбати занон»-ро тасдиқ намудааст.

Ҳамзамон, дар Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон чунин омадааст: “Занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар фаъолият менамоянд. Мо минбаъд низ доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб менамоем”. 

Ҳамин аст, ки бонувони тоҷик дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат баробари мардон дар ҳамаи ҷабҳаҳо фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Занон неруи устувор ва серҳаракати ҷомеа мебошанд. 

Аз ҷумла, 80 фоизи кормандони муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Сад-риддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлобро занон ташкил медиҳанд, ки  6 нафари онҳо дар  зинаҳои роҳбарикунанда адои вазифа доранд. Онҳо дар ташаккули насли ҷавони худогоҳу худшинос, ватандӯсту  ватанпарвар   пайваста заҳмат кашида, пайравони ҳақиқии Пешвои муаззами миллатро тарбия менамоянд.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ҳуқуқ ва озодиҳои занонро баробари ҳуқуқу озодиҳои мардон кафолат медиҳад ва ҳимоя мекунад. 

Саодат Абдулҳакимзода,

муовини директори муассисаи давлатии 

Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи 

Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода