Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » БАХТНОМАИ МИЛЛАТ


БАХТНОМАИ МИЛЛАТ


Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи-кистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда,  заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлолро инъикос менамояд. Дар он раванди соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахл-нопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдорӣ, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиё-сӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон нишон дода шудааст.

Конститутсия қонуни асосии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷи-кон мебошад, ки дар он забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ, муқаддасоти миллӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, дахлнопазирии ҳудуди давлати Тоҷикистон, ҳуқуқи қонунии худро пайдо намуданд. Дар заминаи он дар кишвар шумораи зарурии қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуданд. Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини Истиқлолияти давлатӣ ва пойдории давлатдории миллӣ нақши бунёдӣ дорад.

Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат аз замири халқ рӯидааст. Бо ҳамин маънӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ дониста шудааст. Аз ин ҷиҳат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи конститутсияҳои замони шӯравӣ тафовути куллӣ дошта, дар қатори панҷ Конститутсияи беҳтарини дунё эътироф гардидаст. 

Дар Конститутсияи навини кишвари соҳибистиқлол таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, тартиби ташкил, салоҳият ва мувозинати байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ифодаи қонунӣ ёфтааст. Таҷрибаи амалӣ гаштани ин меъёрҳои конститутсионӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ заминаи ташкилу фаъолияти муътадили ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ гардид.       

Ба замми ҳамаи ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли конститутсияҳои давлатҳои дигари баъдишӯравӣ дар давраи гузариши ҷомеа аз сохти сотсиалистӣ ба давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, иқтисоди бозоргонӣ ва шаклҳои гуногуни моликият қабул шуд, зеро Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонист аз муқаррарот ва таҷрибаи ҷомеаи байналмилалӣ дар канор бошад. Илова бар ин, охири асри ХХ ва аввали асри ХХ1 дар ҷаҳон буҳрони сиёсиву молиявӣ оғоз гардид, ки он то ҳол идома дорад. Он боиси тағйир ёфтани нақшаҳои фаъолияти сохторҳои ҳокимиятӣ, самтҳои фаъолияти давлатӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва асоси танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ гардид. 

Дар баробари ин, раванди ҷаҳонишавӣ, ба миён омадани ҳадафҳои стратегӣ, масъалаҳои энергетикӣ, молиявӣ, захиравӣ, экологӣ ва ғайра ба пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ дар дохили ҳар як кишвар таъсири ҷиддӣ мерасонанд, ки ин ҳама зарурати тағйири Конститутсияро талаб мекунад. 

Аз ин ҷост, ки 26 сентябри соли 1999-ум, 22 июни соли 2003-юм ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйиру иловаҳо бо дарназардошти дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷомеа, инкишоф ва тағйир ёфтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, зарурати такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба талаботи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мувофиқ гардонидани меъёрҳои конститутсионӣ ва таъмини пешрафти минбаъдаи ҷомеа ба вуқӯъ пайвас-танд.

Аз ин хотир минбаъд барои он бояд кӯшид, ки меъёрҳои муқаррарнамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёт татбиқ гарданд. 

 

Т. Муҳиддинзода, 

котиби Суди ноҳияи 

Абдураҳмони Ҷомӣ

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода