Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ОЗМУНИ «ЧАКОМАИ ГЕСУ»


ОЗМУНИ «ЧАКОМАИ ГЕСУ»


Мардуми шарафманду бо-фарҳанги диёр имсол 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд.

Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ин санаи муҳим нақша-чорабиниҳо тасдиқ гардид, ки дар асоси он дар баробари корҳои  бунёдкориву созандагӣ даҳҳо чорабиниҳои фарҳангӣ тарҳрезӣ мешавад.

Баргузории фестивали “Чакомаи гесу” низ аз шумули инҳост. Ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур пеш аз ҳама ороишу парвариши мӯй ва эҳёи фарҳангу анъана ва  ҳунари волои   ниёкон мебошад. Аз қадим оид ба мӯйи дарози модарону духтарони тоҷик қиссаву ривоят, шеъру достонҳои зиёде эҷод   менамуданд, ки ҳусни малоҳати бонувонро инъикос менамояд. Афсонаи “Робияи чилгазамӯй”-ро аз забони модарбузургонамон дар хурдӣ шунидаем. Накҳати гесувони хушбӯйи модарро ҳар як фарзанд бо тамоми вуҷудаш эҳсос кардааст. То ҳанӯз дар ёд дорам, ки чи гуна модарон ба парвариши гесувони худу духтарон диққати ҷиддӣ дода, майдабофӣ мекарданду бо усули хос ороиш медоданд.

Ҳангоми баргузории фестивали ҷумҳуриявии “Чакомаи гесу” дар маркази вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар тамошобинону иштирокдорони чорабинӣ бори дигар эҳсос карданд, ки модарону духтарони хушмӯйи тоҷик ин қадар зебову бомалоҳатанд. Дар даври вилоятии фестивал намояндагони 25 шаҳру навоҳӣ, ки дар даври ноҳиявӣ пирӯзӣ ба даст оварда буданд, ширкат варзиданд.

Воқеан, саҳна аз зебоиву латофати гулдухтарону модарони банури чаканпӯш нурафшон гашта буд. Бонувон бо либосҳои хушдӯхт, мӯйҳои дарози оро-ишёфта, таҳти навою сурудҳои халқӣ  ба саҳна ворид мегардиданд. Гесувони дарози бонувон заминро бӯса мезаду аз зебогиву назокати тоҷикона қисса мегуфт. Суруду таронаҳои халқӣ, навоҳои дилангез ба фестивали “Чакомаи гесу” шаҳомати хоса бахшид.

Ба модарони чаканпӯшу гесувони дарозу чолбандҳои зебои муҳрагин менигарему аҳсант мехонем ба ин зебоофарон. Дарк менамоем, ки чаро аз қадим занону модарон ба мӯйҳои хеш чолбандҳои нуқрадору муҳрадор мебофтаанд. Ин усул ба занҳо имкон медод, ки бо вазни чолбанд сару гардани худро боло нигаҳ доранд, ҳам қоматашон пайваста рост бошад,  ҳам намегузоштанд, ки сутунмуҳра каҷ гардида, ба солимии онҳо зиёне расад. 

Бо тамошои ин ҳама зебогиҳо кас ба хулосае меояд, ки ҳар як анъанаву ҳунар, тарзи либоспӯшиву рӯймолбандӣ, ороиши мӯйу рӯйи бонувони тоҷик садҳо асрори нуҳуфтае дар худ ниҳон дорад, ки аз ҷониби дастандаркорон таҳқиқу баррасии бештареро ниёз дорад.

 

А. САФАРЗОДА,

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода