Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » "РӮЗИ ЁДОВАРӢ"


"РӮЗИ ЁДОВАРӢ"


Зери ҳамин унвон дар Кохи Ватани шаҳри Бохтар семинари омӯзишӣ оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби нигаҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо" баргузор гардид. 

Дар кори семинар раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шарифзода Муҳаммадӣ Шариф, мудирони шуъбаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, шуъбаи меъморию шаҳрсозӣ, мутахассисони пешбари бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҳифзи муҳити зист, хоҷагии манзилию коммуналӣ, сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва қабрканҳо иштирок доштанд. 

Тавре зимни семинар ироа гардид, дар асоси қарорҳои қабулнамудаи раисони шаҳру ноҳияҳо қарорҳои дахлдори раисони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот низ ба тасвиб расида, як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, инчунин, дар ҳамкори бо КИ ҲХДТ дар вилоят ва Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони "Рӯзи ёдоварӣ" бо ҷалби сокинони вилоят охири ҳар моҳ гузаронида шуда истодааст. 

Тибқи иттилои Шарифзода Муҳаммадӣ Шариф, дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашудаи шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим маълум карда шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар 517 адад қабристонҳои амалкунанда, 65 адад қабристонҳои маҳкамшуда, инчунин, 27 адад қабристонҳои мавзеи таърихидошта вуҷуд дорад, ки дар маҷмӯъ 609 ададро ташкил дода, тахминан як ҳазору 785 га заминро дар бар мегирад. 

Фирдавс УМАРОВ, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода