Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » СОҲАИ КИШОВАРЗӢ РУШД МЕКУНАД


СОҲАИ КИШОВАРЗӢ РУШД МЕКУНАД


Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия 1 миллиарду 207  миллиону 589 ҳазор  600 сомониро ташкил медиҳад. 

Кишти зироати асосӣ - пахта дар соли 2020-ум 11300 гектарро ташкил дод. Бо истифода аз тухмиҳои хушсифат, озуқадиҳӣ ва коркарди хуби агротехникӣ кишоварзони ноҳия 25 ҳазору 790 тонна пахта истеҳсол намуда, ба корхонаҳои истеҳсолӣ супориданд. 

Соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  дар маҷмӯъ 43709 тонна ғалладонагӣ, 133451 тонна сабзавот, 11612 тонна полезӣ, 14323 тонна меваҷот ва 9295 тонна ангур  истеҳсол карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 6527 тонна ғалладонагӣ, 20893 тонна сабзавот, 1364 тонна полезӣ, 308 тонна меваҷот ва 3 тонна ангур зиёд мебошад.

Дар ин давра чорвои калон ба 69596 сар, моли майда ба 79134 сар, паранда ба 85930 сар расонида шуда, нисбат ба соли 2019-ум чорвои калон 249 сар, моли майда 624 сар ва паранда 505 сар зиёд мебошад. 

Соли сипаригашта чорводорони ноҳия бо аҳолӣ дар маҷмӯъ 11158 тонна гӯшт, 47406 тонна шир, 3.660 ҳаз. дона тухм, 183 тонна пашм, 20 тонна пилла, 43 тонна асал ва 40,5 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд. 

Маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили гандум 6615,9 тонна, маккаи дон  1077,1 тонна, шолӣ 918,9 тонна картошка 2962,3 тонна,  сабзавот 54862,4 тонна, полезиҳо 6044 тонна, пахта 25790 тонна, офтобпараст 143 тонна, мевагиҳо  6215 тонна ва ангур 899 тонна  ҷамъоварӣ гардиданд. 

Дар майдони 2721,6 га кишти такрорӣ гузаронида аз онҳо 1908,1 тонна, ғалладонагӣ 12078,3 тонна, сабзавот 3046,5 тонна, полезиҳо 717 тонна картошка ва 60977 тонна ҷуворимаккаи силос   ҳосил рӯёнида шуд.

Маҷмӯи умумии маҳсулот дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ дар соли 2020-ум 1 миллиарду 213 миллиону 656 ҳазору 200 сомониро ташкил намуд.

Дар мавсими корҳои ободонӣ ва сабзу зебогардонӣ зиёда 30,0 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун шинонда шуд, ки ин нишондиҳанда 100,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

С. Қувватов, 

иҷрокунандаи вазифаи сардори 

Раёсати кишоварзии ноҳия

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода