Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ МИЁНИ АФСАРОНУ САРБОЗОН


МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ МИЁНИ АФСАРОНУ САРБОЗОН


Бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ миёни афсарону сарбозони қисмҳои Гарнизони шаҳри Бохтар дар толори варзишии қисми ҳарбии 07017-и Раёсати Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тибқи иттилои масъулин, дар чорабинии мазкур варзишгарони қисми низомии 3503, 07017,07256, 3536 фаъолона ширкат варзида, аз рӯи намудҳои варзиши бандкашӣ, давидан ба масофаи 100 метр, сангбардорӣ, волейбол байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Мақсад аз баргузории чунин як мусобиқаи варзишӣ байни афсарону сарбозон баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллӣ, обутоби бадан мебошад.

Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд. 

 

У. Фирдавс,

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода