Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ВОСЕЪ. ТАНТАНАИ ИДОНА


ВОСЕЪ. ТАНТАНАИ ИДОНА


Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. 

Роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идораву хоҷагӣ, фаъолони ноҳия бо сарварии раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло ҳамчун арзи эҳтироми баланд ба сарбозони шуҷои ватан, ҳомиёни давлати конститутсионӣ ва марзу буми ин ватани аҷдодӣ, сараввал, ба пояи нимпайкараи шаҳиди роҳи сулҳу оромӣ, амнияти кишвар Рустами Холалӣ, ки литсейи ноҳия ба номи ӯ гузошта шудааст, омада, бо гузоштани гулчанбар хотираи неки   ӯро ёд намуданд. Сипас, барои тантантани Рӯзи ҷашнвора дар маҷлисгоҳи қисми ҳарбии дар ноҳиябуда ҷамъомад барпо гардид.

Дар ҷамъомад раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло сарбозону афсарон ва ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, ба онҳо тансиҳатӣ, табъи хуш ва хизмати содиқона ба нафъи кишвари азизамонро таманно намуд. Ҳамчунин, дар ҷамъомад командири қисми ҳарбии дар ноҳиябуда Абдулҳамид Сафарзода дар баромадаш аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбати хизматчиёни ҳарбӣ, будубоши сарбозон ва шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ маълумот дод.

Дар саҳни майдончаи қисми ҳарбӣ базми идона барпо гардид, ки ҳунармандони идораи фарҳанги ноҳия хотири иштирокдоронро бо суруду наво ва рақсҳои дилошӯб шод намуданд.

Наҷот САФАРЗОДА

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода