Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ ГОВРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД

Матлабҳои охирин

ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ ГОВРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД

Собиқадори маорифи ҷумҳурӣ, нафақахӯр аз ноҳияи Кӯшониён Шодихон Шоҳасанов, ки бо рӯзномаи “Хатлон” ҳамкорӣ мекард, воқеаи аҷиберо нақл кард, ки онро рӯйи коғаз оварда, пешкаши хонандагони азиз менамоем. Ин воқеа чанд сол қабл ба вуқӯъ пайваста буд.

... Бобои Шарифхон ба гандуми ба наздикӣ кишт кардааш об монду сӯйи хона роҳ пеш гирифт. Дар бозгашт, вақте ки аз наздикии заҳбур мегузашт, садои маосзании гове ба гӯшаш расид. Мард ҷониби садо шитофта, дид, ки гове бо гӯсолааш даруни заҳбур, дар лой ғӯтидаанд. Гову гӯсолаи ҳамсоядеҳааш Абдунабиро шинохт. Ӯ зуд пойафзолашро кашида, ба заҳбур даромад ва бо як азобе гӯсоларо аз панҷаи лой халос кард. Аммо говро, ки бузургу вазнин буд, бароварда натавонист. Бобо ҳайрон монд, намедонист чӣ кор кунад.

Хонаи соҳиби гов-Абдунабӣ аз ҷойи ҳодиса хеле дур буд. Мӯйсафед ба худ андешид: “То рафта ба Абдунабӣ хабар медиҳам, гов аз сардӣ мурда монданаш мумкин”. Банохост ба ёдаш телефони дастӣ расид. Ӯ аз ҷайб телефони ҳамроҳиро, ки бо писарони дар Россия будааш ҳар гоҳ гуфтугӯ мекард, бароварда хост ба соҳиби гов хабар диҳад. Аммо, «Дар ноомадии кор атола дандон шиканад”, гуфтагӣ барин, рақамҳои телефони Абдунабиро наёфт. Баъди кофтукови зиёд, хушбахтона, рақамҳои телефони писарони Абдунабиро ёфт. Сипас, ба Маскав ба Саттор-писари калонии соҳиби гов ва ба Санкт-Петербургу Красноярск ба писарони дигари ӯ-Абдуқаюму Абдураҳмон занг зада, онҳоро аз воқеа хабардор намуд ва хоҳиш кард, ки  ба падарашон хабар диҳанд, ки гови онҳо ба заҳбур афтодааст.

Бародарон яке пайи дигар ба падар занг зада, ӯро аз ин воқеа хабардор карданд. Абдунабӣ ҳайрон монда, аз ҷигарбандон пурсон шуд: “Шумо аз ин ҳодиса чӣ тавр хабар ёфтед?” Фарзандон фаҳмониданд, ки бобои Шарифхон дар ин хусус телефонӣ ба онҳо хабар додааст. Падар ду-се ҳамсояро ҳамроҳ гирифта, ба наҷоти чорпои худ шитофт. Ҳамин тавр, бо мадади бобои Шарифхон говро саломат аз заҳбур бароварданд. Соҳиби гов ба наҷотбахши гов-бобои Шарифхон арзи сипос намуд.

-Ба ман не, ба телефони мобилӣ раҳмат гӯед, ки он гову гӯсоларо аз марг наҷот дод,-хандида гуфт бобои Шодихон ва илова намуд: «Дар дастат бошад телефон, мушкилат шавад осон».

 

Ҳозиркунандаи чоп

С. АТТОР, “Хатлон”

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода