САНО БАР ҲОМИЁНИ ВАТАН
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 18 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 935
Хизмати Ватан-Модар қарзи фарзандии ҳар як шаҳрванд, хусусан ҷавонон мебошад. Ҷавононро мебояд Ватан-Модарро чун гавҳараки чашм нигоҳдорӣ намоянд, зеро аз ин ду мафҳум арзиши волотару болотаре нест.
Сано хонам ватанро ҳамчун модар,
К-аз он боло дигар мадҳу сано нест.
Оре, ҳамин ватани ба ҷон азизамон аст, ки то имрӯз дар ақсои олам бо он ифтихор менамоем. Ифтихор менамоем, ки чунин ватани маҳбуб дорем. Нишону Парчам, Суруди миллӣ, ки муқаддасоти миллианд, таҷассумгари шукӯҳу шаҳомати ватан мебошанд. Пас, ҳар яки моро месазад, ки ин рамзҳои давлатиро бо ҷон ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.
Дар Артиши миллӣ хизмат кардан шарафу номуси ҷавонмардони диёр аст. Маҳз дар натиҷаи хизмати софдилонаи онҳо мо-аҳли кишвар, дар фазои орому осуда зиндагӣ ва фаъолият мекунем. Сарбаландем, ки фарзандони мо ҳомиёни ҳақиқии марзу буми кишваранд. Чун сипари боэътимод аскарон моро аз хатарҳои ба сарамон меомада муҳофизат менамоянд.
Шиори ҷавонмардонаи онҳоро Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ дар китоби «Шоҳнома»-и безаволи худ басе ҷолиб ба қалам додааст:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем.
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Шукрона, ки ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватан орому осуда ҳасту писарони мо дар сафи Артиши Миллӣ қарзи фарзандии худро адо менамоянд, роҳ намедиҳанд, ки нохалафу нотавонбине пойи номуборакашро ба марзи муқаддаси мо гузорад.
Ман ҳамчун модар аз он меболам, ки фарзандам Сорбон Ҳайдаров ҳоло дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона хизматро адо менамояд. Хизмати ватанеро, ки он барои ҳар як тоҷикистонӣ, бешубҳа, мисли қибла ба ҳисоб меравад:
Ватанро қибла гӯям, гар хато нест,
Ба сонаш қиблае аз баҳри мо нест.
Ба худ моро кашад аз ҳар каноре,
Мисолаш ҷазбаи оҳанрабо нест.
Ман ба ақлу заковат, донишу маҳорат, поквиҷдонӣ, ватандӯстиву меҳанпарастии ҳар як сарбози шуҷои ватан бовар дорам ва мутмаинам, ки минбаъд низ аз иҷрои супоришҳое, ки халқу давлати Тоҷикистон дар назди онҳо гузоштаанд, сарбаландона мебароянд. Ба писари сарбозам Сорбон доимо таъкид менамоям - ту симо ва сипари давлат ҳастӣ ва аз ин рӯ, кӯшиш намо, ки ба ин боварӣ сазовор бошӣ.
Дар ин рӯзҳои фараҳбахш, яъне арафаи ҷашни бошукӯҳи родмардони диёр писарам Сорбонҷон, ки 5 моҳ боз дар Гвардияи миллӣ хизмат мекунад, инчунин, дар симои ӯ тамоми муҳофизони ватанро модарона, аз самими дил табрику муборакбод гуфта, барояшон хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Дуои мо-модарон ин аст, ки ватанамон пешрафтаву шукуфон ва фарзандонамон доимо дар амон бошанд.
Гулнора Абдураҳмонова,
модари сарбоз
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04