ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МАКТАБИ МАРДОНАГИСТ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 18 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳуқуқу амният, Боздид 1 263
Имрӯз фарзандони бонангу номуси кишвари азизу маҳбубамон Тоҷикистон барои хизмати Ватан-Модар омодагии ҳамаҷониба дида, садҳо ҳазор нафар адои хизмати ҳарбӣ карда, барои ҳифзу амнияти давлату миллат шабонарӯзӣ марзҳоро аз душманону бадхоҳони миллат нигаҳбонанд. Инак, дар бораи 3 тан ҷавононе, ки айни ҳол дар сафи Қӯшунҳои дохилии қисми ҳарбии 3503-и шаҳри Бохтар барои ҳифзи марзу буми ватан адои хизмат мекунанд, нақл мекунем.
Қобилшоҳ Сайфиддинов аз ноҳияи Кӯшониён буда, тӯли як солу 11 моҳ мешавад, ки дар қисми ҳарбии болозикр хизмати Ватан-Модарро сарбаландона адо мекунад. Ӯ мегӯяд, ки барои ҳар як ҷавонмард хизмати ҳарбӣ қарз ва ҳам шараф аст.
«Пас аз 1 моҳ хизмати харбиро сарбаландона тамом мекунам. Тӯли ин солҳо даҳҳо дӯсту рафиқ аз ҳар гӯшаи Тоҷикистон пайдо карда, ҳамчун бародару додар дар як қисми ҳарбӣ якҷоя хизмат мекунем. Бо ҳамаи сарбозону афсарон унс гирифта, мисли як оилаи мустаҳкам шудаем», - мегӯяд Қобилшоҳ.
Падару модари ӯ дар як моҳ як ё ду маротиба ба қисми ҳарбӣ омада, аз ҳоли фарзандашон бохабар мегарданд. Ҳамчунин, ба сарбозоне, ки хуб хизмат мекунанд, ба хона рухсатӣ медиҳанд. Ӯ як нуқтаро маҳз ба ҷавононе, ки нав меоянд ё саркашӣ аз хизмат мекунанд, чунин таъкид мекунад: "Хизмат ба Ватан- Модар қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони қавииродаву бонангу номус аст. Мо-ҷавонони ватандӯст бояд ҳеҷ гоҳ ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем, ба суханони ашхосе, ки аз берун истода, ҷавононро аз хизмат дилсард карданианд, бовар накунем».
Прапоршики калон Шабнам Абзалова, аз ноҳияи Дӯстӣ, дар қисми низомӣ мисли садҳо ҷавонписарон хизмат мекунад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шароит дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беҳтар гашта, сафи ихтиёриён меафзояд.
«Хизмат ба ватан мардонагист, агар зан бошад, қаҳрамонист», - мегӯянд дар урфият. Бо сари баланд ба ҷо овардани тамоми талаботи хизмати ҳарбӣ, ки Шабнам аз уҳдааш мебарояд, ба ин гувоҳӣ медиҳад. Шабнам Абзалова дар суҳбат бо мо чунин гуфт: «Аз хурдӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат карданро орзу мекардам ва, хушбахтона, имрӯз, дар даврони соҳибистиқлолӣ ва тинҷиву амонӣ дар қатори ҷавонписарон хизмат мекунам. Барои мо ҳамаи шароиту имконият дар қисми низомӣ муҳайё аст ва мо метавонем баҳри ҳифзи ватан сарбаландона дар хизмат бошем».
Шабнам аз уҳдаи ҳамаи супоришҳо баромада, боварии роҳбарияти қисми ҳарбиро ба даст овардааст. Албатта, барои зан хизмат кардан мушкил аст, аммо ӯ баробари мардон машқу тамрин мекунад. Сидқан мегӯяд, ки дар оянда фарзандонашро низ ба хизмати ҳарбӣ тайёр мекунад.
-Барои насли ҷавони имрӯза хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби бузурги мардонагӣ буда, дар ин ҷо дарси далериву мардонагӣ омӯхта, содиқона ва пос доштани арзишҳои миллиро меомӯзанд,-изҳор дошт Саиднуриддин Ҷумъа, муовини командири рота оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар қисми ҳарбии 3503-и шаҳри Бохтар. - Ҳукумати кишвар рӯз ба рӯз ҳамаи шароитро барои ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ муҳайё карда истодааст, ки ҳамаи ин аз ғамхориву таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ҷавоб ба ҳамаи ин ғамхориҳо мо-ҷавонони кишварро мебояд, ки аз ҳамаи имконоти мавҷуда истифода бурда, баҳри пешрафту обод гардидани диёри худ саҳми арзандаи хешро гузорем,-илова намуд ӯ.
Ба гуфтаи Саиднуриддин Ҷумъа солҳои охир сафи хоҳишмандон барои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар афзудааст. Сараввал, ин аз тинҷиву оромӣ ва шароити хубтари он нисбат ба солҳои пешин далолат медиҳад. Новобаста аз он ки дар чӣ вазъ қарор дорему дар кадом ҳолате ки набошем, барои ҳифзи марзу буми ватани азиз як қадам ба пешу ҳамеша мусаллаҳ бошем.
Фирдавс УМАРОВ,
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04