БАТАТ - КАРТОШКАИ СЕРҲОСИЛ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 18 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Арсаи кишоварзӣ, Боздид 1 362
Батат ё худ картошкаи ширин ғизои дӯстдоштаи мардумони қораи гарми олам ба ҳисоб меравад. Дар заминҳои шароиташон барои кишти ин сабзавот мусоид аз 1 гектар метавон то 55 тонна ҳосил бардошт. Бехи картошкаи батат бо картошкаи маъмулии кишвари мо монанд аст. Ватани аслии батат Америкаи Марказӣ ва Ҷанубӣ мебошад. Ин сабзавотро дар асри ХVI Колумб аз Америко ба Европа оварда буд.
Тибқи маълумотҳо дар кишварҳои ҷаҳон соле дар майдони то 13 миллион гектар картошкаи ширин кишт карда мешавад. Аз ҷумла, дар Индонезия ин сабзавотро дар майдони наздик ба 600 ҳазор гектар, Ҷопон 450 ҳазор гектар, Чин зиёда аз 300 ҳазор гектар парвариш намуда, аз он ҳосили хуб мебардоранд.
Батат растании бисёрсола, вале дар шароити киштукор зироати яксола ба шумор меравад. Дар решаҳояш лундаҳои мудаввар ё байзашакл ташаккул ёфта, вазнаш аз 200 грамм то 10 кило мешавад. Пояаш монанди палаки каду паҳн ва дарозиаш то 2-5 метр аст.
Солҳои сиюми асри ХХ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ растанишиносон парвариши бататро санҷида, кӯшиш ба харҷ доданд, ки сабзавоти муфидро паҳн ва аз он ҳосили фаровон бардоранд. Таҷрибаи чандинсола нишон дод, ки бататро дар қисми ҷануби собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сар аз Ҷумҳурии Украина то Тоҷикистон парвариш кардан мумкин аст. Аз ҳама минтақаи хуб барои кишту парвариши батат иқлими Тоҷикистон, бахусус водиҳои Вахшу Ҳисор арзёбӣ мегардад.
Картошкаи бататро аз моҳи апрел аз кӯчати он ба замин шинонида, ду маротиба коркарди байни қаторҳои он ба ҷо оварда мешавад. Дар муддати парвариши он, ки аз 120 то 160 рӯз тӯл мекашад, киштзорро 10-12 маротиба бояд шодоб кард. Ҳамин тавр, ҳосили картошкаи батат аз охирҳои моҳи август то оғози моҳи сентябр пухта мерасад ва шурӯъ аз моҳи октябр ҳосили онро ҷамъоварӣ намудан мумкин аст.
Аз таҷрибаҳо дар самти парвариши картошкаи батат дар кишвари мо бармеояд, ки ин маҳсулоти серҳосил дар шароити иқлими ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 1 гектар то 55 тонна ҳосил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ҳосилнокии картошкаи маҳаллӣ дар 1 гектар ба 20-26 тонна рост меояд.
Таркиби батат аз вита-минҳо, намакҳои маъданӣ, равған, қанд ва дигар моддаҳои барои солимии бадани инсон муфид ғанӣ аст. Дар баъзе кишварҳои олам картошкаи бататро бо усулҳои гуногуни хушконида аз он орд ҳам истеҳсол мекунанд. Тибқи мушоҳидаҳо аз 100 килограмм картошкаи батат 30 килограмм орд истеҳсол мешавад. Аз орди картошкаи батат бидуни ба он ҳамроҳ кардани шакар, ҳар гуна кулчақандҳои лазиз пухтан мумкин аст. Ба ҷуз орд, аз батат маҳсулоти кашк, макарон, оҳар, квас, мураббо, спирт ва дигар нӯшокиҳову хӯрокворӣ омода кардан мумкин аст.
Картошкаи батат бо усули кӯчат ба тарзи чоркунҷаи тоқа-тоқа дар масофаи 70 ба 70 сантиметр шинонида мешавад. Бо дарназардошти фоиданокиву серҳосилии ин маҳсулоти ниёзи мардум хуб мешуд, ки кишоварзони мо ба кишту парвариши ин навъи картошкаи аз ҳар ҷиҳат муфид бештар рӯ биёваранд. Барои дарёфти тухмӣ ва кӯчати картошкаи батат хоҷагидорон метавонанд ба Филиали Донишкадаи зироаткории вилояти Хатлон воқеъ дар шаҳри Бохтар муроҷиат намоянд.
Ҷамол Ҷумаев,
мудири омӯзишгоҳи Филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Хатлон
Холмаҳмад Ҳасанов,
омӯзгори коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
4-02-2021, 00:29