САҲМГУЗОРӢ ДАР ОБОДОНИИ ДЕҲОТ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 18 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳунарҳои мардумӣ, Боздид 1 391
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар барои ҳар як шаҳрванди ватани азизамон дастурамали фаъолияти кору зиндагӣ ба шумор меравад.
Роҳбари давлат дар Паёмашон таъкид доштанд, ки аз ҳисоби соҳибкорону шахсони некандеш 18 ҳазору 300 иншооти гуногун ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.
Ба ин хотир, ба соҳибкорону шахсони хайрандеш ҷиҳати рушду ривоҷи корҳои ободониву бунёдкорӣ изҳори сипос намуданд.
Дар ноҳияи Ёвон соҳибкорони бонангу ватандӯст зиёданд ва дар бунёди корхонаву марказҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, роҳу равшаннамоӣ саҳми арзандаи хешро гузоштаанд ва ин ободкориву бунёдсозиҳо имрӯз дар сар то сари ноҳия вусъати тоза касб намудааст.
Акбар Ғуломов, Баҳриддин Ҷӯрахонов ва дигаронро метавон ном бурд, ки дар корҳои ободониву бунёдкорӣ, дасти кумак расонидан ба ятимону маъюбон саҳм доранд.
Танҳо дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти “Ситораи сурх”, ки беш аз 24 ҳазор аҳолӣ сукунат дорад, аз 23 иншооти ба нақшагирифташуда 18-тои он сохта, мавриди истифода қарор ёфтааст. Сохтмони 4 иншооти дигар дар арафаи анҷомёбист. Дар 11 маҳалла равшаннамоии кӯчаҳоро ба анҷом расониданд.
Аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ ба оилаҳои камбизоат ва табибони ҳозиқ, ки дар давраи бемории КОВИД-19 шабонарӯзӣ ҳамдаму ҳамроҳи беморону аҳолӣ буданд, кумаки молиявӣ расонида шуд.
Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Навобод маркази саломатии ҳозиразамони дорои техникаву таҷҳизоти муосир ба истифода дода шуд.
Айни замон деҳқонони ҷамоати мо аз ҳар ваҷаб замин пурсамар истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад, саҳм мегузоранд.
Маҳмадрасул Солиев,
муовини раиси Ҷамоати деҳоти
«Ситораи сурх»-и ноҳияи Ёвон
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04