РӮ БА РӮ БО МАРДУМ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 18 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳуқуқу амният, Боздид 1 971
Бо ибтикори роҳбарияти Суди вилояти Хатлон, масъулон ва раиси Суди шаҳри Левакант бо кормандони соҳаҳои мухталифи шаҳр ва сокинон оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат доир намуданд. Рустам Мирзозода, раиси Суди вилояти Хатлон, зимни суханронии хеш иброз дошт, ки сокинони қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус кормандони мақомоти Суди вилояти Хатлон, аз ироаи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, онро сармашқи кору роҳнамои худ дар зиндагӣ мешуморанд. Дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бобати баланд бардоштани сатҳи донишу таҷрибаи кормандони мақомоти суд, ки барои дар сатҳи беҳтар таъмин намудани адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон мусоидат мекунад, ҳамчунин, аз андози ягонаи замин озод намудани кишоварзон шаҳодат аз он медиҳад, ки Пешвои муаззами миллат ба беҳбудии сатҳи зиндагии қишри заҳматкаши ҷомеа-кишоварзон таваҷҷуҳи беандоза дорад. Зеро ин иқдоми саривақтии Сарвари давлат барои самаранок истифода намудани замин ва то се ҳосил рӯёнидан аз заминҳои корами обӣ, наздиҳавлигӣ ва ёрирасон нақши асосӣ мегузорад. Дар вохӯриҳо сокинони деҳот гуфтанд, ки бо маблағи андози ягонаи замин соли равон нуриҳои менералӣ ва заҳрхимикатҳо харида, аз заминҳои кишоварзӣ ҳосили баланд мерӯёнанд.
Заррина Давлатзода, раиси шаҳри Левакант, аз иқдоми неки роҳбарияти мақомоти Суди вилояти Хатлон бобати таблиғу ташвиқи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти кишвар миёни аҳолӣ ёдоварӣ гардида, илова дошт, ки чунин вохӯриҳои рӯ ба рӯ имкон медиҳад, ки сокинон вобаста ба мушкилиҳои гуногуни ҳаётӣ ба роҳбарияти мақомоти судӣ муроҷиат намоянд.
Ҳасан Абдураҳимзода,
«Хатлон»
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
17-01-2021, 09:05