ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 18 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳунарҳои мардумӣ, Боздид 1 313
Рӯзи 12 феврали соли равон дар маркази вилоят - шаҳри Бохтар даври вилоятии озмуни “Дастархонороӣ” баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ намояндагони 25 шаҳру навоҳии вилоят ҳунари хешро пешкаши ҳакамон гардониданд. Хонҳои пур аз хӯрокҳои миллӣ, хӯришу нӯшоба, маҳсулоти нонӣ бо чеҳраи кушодаи кадбонуҳои хушсалиқа таваҷҷуҳи иштирокдорони чорабиниро ба худ ҷалб менамуд. Кадбонуҳои чирадаст тавонистанд дар ин озмун хӯрокҳои миллии анқариб ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаро аз нав омода намуда, пешкаши ҳакамон гардонанд. Тавре ки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ дар оғози чорабинӣ таъкид дошт озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи баргузории фестивал, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ барои солҳои 2019-2021, баҳри дар амал татбиқ намудани чорабиниҳо дар самти эълон гардидани Солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардидааст.
- Мардуми тоҷик аз азал соҳиби тамаддун, фарҳанг, таърихи куҳан буда, бо расму русум, одоби меҳмондорӣ, арҷ гузоштан ба мероси ниёгон ном баровардаанд. Модари тоҷик дар баробари бо фазлу иффат будан, бо ҳунари табохиву омода намудани хӯрокҳои миллӣ, нону кулчаҳои болаззат ва қабулу иззати меҳмон ном баровардааст, - ироа дошт муовини раиси вилоят зимни суханронӣ дар чорабинӣ.
Дар ҳақиқат, аз омодагии ҳамаҷонибаи кадбонуҳои боҳунар, намояндагони шаҳру ноҳияҳо толори бошукӯҳи меҳмонхонаи “Сайри орзу” ҳусну таровати дигар гирифта буд. Ҳунармандону кадбонуҳои беҳамто аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳар кадом бо усулҳои хоси маҳалли худ хони пурнозу неъмат ороста буданд. Тавре ки намояндаи ноҳияи Ховалинг Наргис Ҳикматова баён дошт, дар ин чорабинӣ шурӯъ аз қурутоб, шакароб, мошкучурӣ ва дигар таомҳои миллӣ то нӯшобаҳои гиёҳҳои шифобахши мавзеи Ховалингро пешкаши ҳаводорон гардонида буданд. Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Ҷамолиддин Файзалиев иброз дошт: - Боиси хушнудист, ки имрӯз дар меҳане рӯзгор, кору фаъолият дорем, ки сулҳу ваҳдат ва истиқлолият тантана дорад. Ҳунармандони ноҳияи Ш. Шоҳин дастархони хоксоронае оростанд, ки аз хӯрокҳои қадима гандумҷӯш, шарбату талқон, биринҷоваву полудаҳои меваҳои мавзеи Даштиҷум, ки шифобахши ҳама дардҳост, иборатанд.
Бунафша Худойназарова, аз ноҳияи Темурмалик низ дар баробари муаррифии хӯрокҳои миллӣ оид ба фоиданокии ҳар як навъи хӯрок ва хӯришҳо бо як ҳиссиёти модарона сухан мекард ва ҳамагонро сари миз даъват менамуд. Хӯрокҳои гуногуне, ки кадбонуҳои 25 шаҳру навоҳӣ ба озмун пешниҳод намуданд, аз қабили ширкаду, фатирмаска, чанголӣ, кумоч, қурутоб, умоч, гандумкӯчаву шакароб, оши палав ва хӯришҳои гуногун аз меваву сабзаҷот, нӯшобаҳои роҳатфизо боз як бори дигар аз ҳунармандии волои модари тоҷик дарак медод.
Ҳайати ҳакамон ба ҳунару маҳорат, одоби қабули меҳмон, тарзи дурусти ороиши дастурхон, ҷобаҷогузории анвои хӯрока диққати ҷиддӣ дода, ба хонҳои оростаи иштирокдорон ва ҳунари онҳо баҳогузорӣ намуданд. Тибқи хулосаи ҳакамон ҷойи якум ва дипломи дараҷаи 1 насиби ҳунармандони ноҳияи Ховалинг, ҷойи дуюм ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҷойи сеюм ба шаҳри Кӯлоб насиб гардид. Ба ҳамаи иштирокчиёни озмуни вилоятии «Дастархонороӣ» сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супорида шуд.
А. САФАРЗОДА, «Хатлон»
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
18-02-2021, 04:03