Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ВАЗЪИ ОБЁРИИ ЗАМИНҲО БЕҲТАР МЕШАВАНД


ВАЗЪИ ОБЁРИИ ЗАМИНҲО БЕҲТАР МЕШАВАНД


Соли 2020 дар вилояти Хатлон ҳолати мелиоративии 3643 гектар замин беҳ карда шуд. Дар ин бора М. Собирзода, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят, зимни нишасти матбуотиаш ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Қайд гардид, ки ба ҳисоби миёна ба як гектар 8200 мет-ри кубӣ об дода, 87917 гектар замин тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ гардидааст. Арзиши санадҳои имзошуда 41 миллиону 557 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ҷамъан 283,6 километр шабакаҳои обдиҳӣ ва 280,1 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуда, 215 иншооти гидротехникӣ ва 250 дастгоҳи обкашӣ аз таъмир бароварда шуд.

Пардохти маблағҳои хизматрасонӣ ба 36 миллиону 761 ҳазор сомонӣ баробар буда, нисбат ба соли гузашта 1 миллиону 432 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Бақияи қарзи хизмати обрасонӣ ба 80 миллион сомонӣ наздик шудааст. 

Бақияи қарзи музди меҳнати кормандони соҳа бошад, ба иттилои М. Собирзода, ба ҳолати якуми январ як миллион сомониро ташкил медиҳад. Музди миёнаи меҳнат ба як коргар дар соли 2020 ба 749 сомонӣ баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019-ум 62 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар нишасти матбуотӣ М. Собирзода, ҳамчунин,   доир ба нарасидани мутахассисони соҳа, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, фаъолияти Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои партов ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа маълумот дод, ки дар ин бора намояндагони ВАО пурсиш ба амал оварданд.

 

Ҳангомаи Исмат,

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода