Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ҲУНАРИ КАДБОНУВОН ҚАДР ШУДАНД


ҲУНАРИ КАДБОНУВОН ҚАДР ШУДАНД


Дар давраи ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 16 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳунармандони ҷавону навраси мактаби санъати шаҳр иштирок намуданд. Аз ҷумла Қобилҷон Солиев, донишҷӯи коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, Саъдиҷон Воҳидов, хонандаи МТМУ №13 ва Бузургмеҳри Идибекзода, хонандаи МТМУ №5 дар жанрҳои анъанавии номинатсияҳои «Навозанда» ва «Эстрада» ба маҳораташон аз ҷониби тамошобинон ва мутахассисон баҳои хуб гирифта, сазовори ҷойҳои чорум ва панҷум ва бо 15-20 ҳазор сомонигӣ сарфароз гардиданд. 

 

Азамат Зайниддинов

 


Мақомоти иҷроияи ҳоки-мияти давлатии шаҳри Норак озмуни ҷумҳуриявии “Дастархонороӣ”-ро гузаронд. 

Дар ин чорабинӣ намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Норак” ба номи Т.Улҷабоев, НОБ-и “Бойғозӣ”, касалхонаи марказӣ, заводи таҷрибавии механикӣ, муассисаҳои таълимӣ, дар маҷмӯъ, 35 даста ҳунарҳои кадбонугии худро ба маъраз гузошта буданд. 

Комиссияи ташкилӣ бо роҳбарии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод дастархони орододаи кадбонуҳои ташкилоту муассисаҳоро дида баромада, ҷамъбаст намуд. Кадбонуҳои НОБ-и “Бойғозӣ” ҷойи якум, муассисаи таҳси-лоти миёнаи умумии №5 ҷойи дуюм, заводи таҷрибавии механикӣ ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Ғолибон бо ифтихорнома ва дигар иштирокчиёни озмун бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Норак сарфароз гардонида шуданд. 

Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод иштироккунандагони озмунро  табрик намуда, изҳор кард, чунин озмуну фестивалҳо бо иштироки меҳнаткашони шаҳр дар оянда низ гузаронида мешаванд. 

Санъаткорони шуъбаи фарҳанги шаҳр бо барномаи консертӣ хотири иштирокчиён-ро болида гардониданд.

 

Ҳ. Зайнулобиддин

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода