ЛАҲЗАҲОИ ХОТИРМОН АЗ САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 11 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 863
Сафари навбатии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминобод рӯзи 10 сентябри соли 2019 ба вуқӯъ пайваст.
Президенти мамлакат ҳангоми ифтитоҳи меҳмонхонаи навбунёди «Муъминобод”, бо ятимони кулли ноҳияҳои Ш. Шоҳину Муъминобод ҳини туҳфасупорӣ суҳбат дошт. Паз он якчанд нафар ба Ҷаноби Олӣ арзи сипос карданд. Дар миёни онҳо Найзулло ном ятими кулл, ки дар сесолагӣ аз падар ва дар 15- солагӣ аз модар маҳрум мондааст, буд. Давлат ӯро тарбия кард, ба воя расонд ва акнун дар соли охирони Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳсил дошт.
... Фарзанди баруманди ин диёр Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо дастгирӣ аз ҳидояту роҳнамоии Пешвои миллат дар ноҳияи Муъминобод якчанд иншоот бунёд намуд. Акнун навбати кушодашавии корхонаи коркарди меваю сабзавот дар мавзеи Шаҳринави поён ва мулоқот бо фаъолони ноҳия фаро расида буд. Дар он меҳмонон, сокинони ноҳия, рӯзноманигорони дуру наздик иштирок доштанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, дастуру супориш дод. Аз байни иштирокдорон духтараке назди баландгӯяк омада, худро муаррифӣ кард: “Ман хонандаи синфи ёздаҳи таълимгоҳи №30 Сарвиноз Эмомзода”. Сипас чунин иброз дошт: “Тоҷикистони зебои мо, аз ҷумла Муъминободу Ш.Шоҳин, Ховалингу Балҷувон аз гиёҳҳои шифобахш бой мебошад. Мехоҳам дар оянда табиб шаваму бо ин гиёҳҳо ба ҳифзи сиҳатии мардум пардозам”.
- Табиб мешавӣ?-суол кард Пешвои миллат.
- Бале, Ҷаноби Олӣ!
- Хон бачам, хон. Иншоолоҳ ба орзуят мерасӣ, - дуои нек дод Сарвари давлат.
Лаҳзае пас чизе ба ёди Президент расиду Сарвинозро ба наз-даш даъват кард, аз дигар тараф котиби матбуотиаш Абдулҳамид Шарифовро. Ӯ бо компютераш омаду аз он акси Найзуллоро ба Сарвиноз нишон доданд.
- Нияти нек дорам, духтарам. Ҳамин ҷавон ятими кулл аст, донишҷӯ, мехоҳам бо ӯ издивоҷ намоӣ, - гуфт Президент. Сарвиноз даст пеши бар гирифта посух дод: «Шумо падари мо ҳастед, чизе гӯед ҳамон мешавад». Ин ҷавоб Ҷаноби Олиро хушҳол гардонид ва ба масъулин супорише дод.
Баъдтар мардум огаҳӣ ёфтанд, ки бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат онҳо ақди никоҳ бастаанд. Дар хонаи волидони Сарвиноз - апаи Шаҳлову акаи Тоҷиддин омодагӣ ба тӯй идома дошт. Маърака аз рӯи расму русуми миллӣ сурат гирифт.
Мақомоти иҷроияи ҳоки-мияти давлатии ноҳия харо-ҷотҳои тӯйи хонадонро ба зимма гирифт. Шарифзода Лутфия Шариф раиси имрӯзаи ноҳия аз оғози маърака то анҷоми тӯй масъул буд.
Дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе ба навхонадорон Найзуллою Сарвиноз хонаи дуҳуҷрагӣ доданд. Ҳама ҷиҳози хона ҳам туҳфаи Президент буд.
...Найзулло ҳоло корманди фурудгоҳи шаҳри Душанбе, рутбааш лейтенанти калон, Сарвиноз донишҷӯи бахши табобатии Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Синои Душанбе мебошанд. Фарзанди нахустинашонро Сироҷиддин номгузорӣ карданд.
Кумаку ёрӣ ва дастгириву ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон ва дармондагон аз фазилатҳои неку беҳтарини инсонист. Хушбахтона, Сарвари тоҷикони дунё аз ин амалҳои беҳтарину писандидаи Худованд бархӯрдор аст.
Имрӯз Сарвинозу Найзулло, Шаҳлою Тоҷиддин, кулли мардуми кӯҳистони Муъминободу Терайзамин (номи пешинаи Шӯрообод – Ш. Шоҳин) аз бунёду пойдории як оилаи саодатманду хушбахт меҳри сипосу шукргузорӣ мекунанд: «Зиҳӣ, миллате, ки чунин Сарвари заминӣ дорад!»
Н. Ҳасанов,
Рӯзноманигор
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
18-02-2021, 04:03