ОСОРХОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ТАЪСИС ДОДА МЕШАВАД
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 11 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 823
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудааст.
Дар шаҳри Левакант низ бунёду азнавсозии беш аз сад иншооти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар назар аст, ки то ин дам қисми зиёди онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфтаанд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, зимни боздид аз рафти азнавсозиву бунёди иншоотҳои хоҷагии халқ, аз литсейи касбии саноативу кимиёвии шаҳри Левакант дидан намуданд. Тавре ки равшан гардид, дар ин боргоҳи маърифат Президенти мамлакат, Пешвои миллат таҳсил намуда, фаъолияти кории хешро аз соли 1969, баъди хатми он, оғоз бахшидааст. Тибқи дастури раиси вилоят дар ин боргоҳи касбу ҳунар осорхонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад ва дар он аёниятҳои ҳамон давраи литсей гузошта мешавад. Осорхона бояд тибқи меъёрҳои замонавӣ бо кандакориву гаҷкорӣ бо сифати баланд сохта шавад.
Литсейи касбии саноативу кимиёвии шаҳри Левакант аз соли 1967 фаъолият менамояд. Айни замон дар ин макон аз рӯи 10 ихтисос таълиму ҳунар меомӯзанд. Муассисаи мазкур дорои 3 бинои таълимӣ, маҷлисгоҳ, 3 хобгоҳ, майдончаи варзишӣ ва ошхонаи ҳозиразамон мебошад. Ҳуҷраҳои дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва 344 нафар дар ин боргоҳи илму ҳунар таълим мегиранд.
Раиси вилоятро дар ин боздид намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант оид ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва раиси шаҳри Левакант Зарина Давлатзода ҳамроҳӣ доштанд. Роҳбари вилоят ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти сохтмони корхонаи истеҳсоли оби ҷав, ки бо ҷалби мутахассисони Федератсияи Россия бунёд гардида истодааст, дидан намуданд. Корхонаи мазкур аз ҷониби ширкати Салтанат ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад. Иқтидори корхона дар як шабонарӯз 15 ҳазор дона буда, барои бунёди он таҷҳизотҳои пешрафтаи хориҷӣ ворид намуданд. Ҳамзамон, дар ин ҷо ба истеҳсоли обҳои ташнашикан машғул мешаванд. Корҳои васлу насби таҷҳизотҳо идома дорад.
Худи ҳамон рӯз раиси вилоят бо рафти корҳои бунёдкории корхонаи мурғпарварӣ дар деҳаи Нурафшони шаҳри Левакант шинос гардиданд. Дар ин ҷо бо иқдоми соҳибкор Зайнулло Шарифзода бунёди фабрикаи мурғпарварӣ барои 50 ҳазор сар мурғ бо суръат идома дошт. Яке аз иншоотҳои дигари шаҳри Левакант бахшида ба ҷашни соҳибистиқлолии ватани маҳбуб бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 320 ҷойи нишаст ба шумор меравад. Бино аз 3 ошёна иборат буда, аз ҷониби ташкилоти “Синохито-Тоҷикистон код” бунёд ёфта истодааст. Пудратчӣ ҶММ «Сарҳадсоз»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо масъулини ширкат ва сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд ба итмом расонидани бинои таълимӣ дастуру маслиҳатҳо дод. Лозим ба ёдоварист, ки аз ҷониби Маҳмадзариф Шарифзода ҳавзи моҳипарварӣ дар масоҳати 12 гектар бунёд ёфта истодааст. Ин иқдоми соҳибкор имкон фароҳам меоварад, ки истеҳсоли моҳӣ-ғизои фоидабахшу парҳезӣ зиёд гардаду бозор фаровон.
Ҳамчунин, роҳбари вилоят аз рафти бунёди сохтмони сехи дӯзандагӣ ва сардхона барои меваю сабзавот дидан ба амал овард. Тибқи иттилои соҳибкор дар ин сардхона то 500 тонна меваю сабзавот нигаҳдорӣ мешавад. Ҳангоми мавриди фаъолият қарор гирифтани иншоотҳои болозикр садҳо нафар сокинони маҳал соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.
А. Сафарзода,
«Хатлон»
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04