Велосипедро кӣ ихтироъ кардааст?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 535
Велосипед (дучарха) ихтирооти содаи техникӣ буда, ҳар рӯз тариқи ин намуди нақлиёт миллионҳо нафар одамон кори худро ба сомон мерасонанд ва ҳамчун мададгори беминнат аз он истифода мебаранд. Масалан, сокинони давлати абарқудрату сераҳолии Чин аз велосипед бештар истифода мебаранд. Оё боре фикр кардаем, ки аввалин ихтироъкори велосипед кист ва аввалин нақлиётро бо чӣ намуд сохтаанд?
“Падар”-и велосипед Карл Драйз Фон Садербран ном ҷангалбони дар асри XVIII зиста маҳсуб меёбад. Ҷангалбон барои фароғату сайру гашти худ нақлиёти чорчархаи чӯбине месозад, ки имрӯз номи велосипедро дорад. Баъд ӯ велосипеди чӯбинро дучарха карда, ба он тормоз ва чӯберо ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи чанбарак часпонид. Драйз истеҳсоли маҳсули дасташро қонунӣ ба роҳ монда, аз харидорони нақлиёти дучархааш қотеона талаб мекард, то дар пеши нақлиёт ному насабашро сабт кунанд. Гарчанде касе гуфтаҳои ҷангалбонро гӯш намедод, номаш ҳамчун ихтироъкори велосипед дар таърих монд.
Баъдтар аввалин корхонаҳои махсуси велосипедсозиро соли 1867 Пер Мишо дар шаҳри Париж ба роҳ монд. Фаронсавиҳо солҳои 1870-71 ҳангоми ҷанг бо Прусия велосипедро ҳамчун техникаи ҳарбӣ истифода мебурданд. Ҷанговарони фаронсавӣ аз зини асп нею аз болои велосипед меҷангиданд.
Таҳияи С. Аттор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...