Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ИҚТИСОД АЗ ТАҲЛИЛ БОЛО МЕРАВАД


ИҚТИСОД АЗ ТАҲЛИЛ БОЛО МЕРАВАД


Иқтисодиёти ҳар як кишавар аз таҳлилу хулосабарорӣ, нақшаю дурнамои аниқ ва вазифаҳои навбатии бамиёнгузошта боло меравад. Дар ин самт барои кулли мардуми Тоҷикистон бахшҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, маорифу фарҳанг, тандурустӣ паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастуру нишондоди беҳтарин аст. Паёми нав-батии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 26 январ ироа гардид, бори дигар ин нуктаро возеҳу равшан нишон дод.

Паёми мазкур самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро барои солҳои баъдӣ муайян намуда, оид ба пешрафти соҳаҳои саноату сохтмон, энергетика, хоҷагии қишлоқ, фарҳангу маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастуру тавсияҳои зарурӣ дода, вазифаҳои навро ба  миён гузошт.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат қабл аз ҳама, нисбати мушкилоти соли гузашта сар задани бемории коронавирус сухан ронда, оид ба иқтисодиёту иҷтимоиёт монеагӣ эҷод кардану зарари расондаи он нуқтаи назари худро чунин иброз намуд: Паёмадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд. 

Чуноне аз дастуру нишондодҳои Пешвои миллат бар меояд ҳадафи чоруми стратегии миллӣ ин саноатикунонии босуръати кишвар аст. Роҳбари давлат дар раванди бахши саноатикунонии босуръати кишвар ба масъалаи бунёди корхонаҳои металлургӣ, маъдантозакунӣ, истихроҷ ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металҳои ранга ва қиматбаҳо, рушди саноати мошинсозӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва дорусозӣ аҳамияти зарурӣ дода, тавсия доданд, ки корҳо дар ин бахш вусъат дода шаванд.

Боиси тазаккур аст, ки бахши энергетика пайваста рӯ ба беҳбудӣ оварда, дар ин самт ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардем. Шароити таъмини барқ то рафт беҳтару хубтар мегардад. Аллакай соли сеюм аст, ки мо аз истифодаи реҷаи тақсимоти барқ-маҳдудияти он раҳоӣ ёфтаем. Бо ҷидду ҷаҳди беандозаи Сардори давлат тавонистем, ки анқариб ба истиқлолияти энергетикӣ расида, ба кишвари содиркунандаи неруи барқ ноил гардем. Чуноне Пешвои миллат иброз доштанд, Ҳукумати Тоҷикистон азм дорад, ки бо мақсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, бо неруи барқ пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳимро вусъат бахшад.

Боиси фараҳмандӣ аст, ки туфайли меҳнати шоистаи   аҳли меҳнат-деҳқонону чорводорон, боғдорону токпарварон соҳаи кишоварзӣ сол аз сол рушд ёфта, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Имконият пайдо шуд, ки таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ беҳтару хубтар гардад ва масъалаи таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз дастурҳои асосии Пешвои миллат мебошад, ба қадри имкон ҳалли худро ёбад. Имтиёзҳои фароҳамомада дар бахши чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ имконият дод, ки соҳаҳои мазкур дар муддати кӯтоҳ пешрав гардида, дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шавад.  Аз ҷумла, дар бахши парандапарварӣ ин натиҷаҳо қобили қайд аст.  Масалан, соли 2020-ум шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 адад расид, ки ин нисбат ба соли 2017-ум 2,7 баробар зиёд мебошад. Бунёди корхонаҳои нави парандапарварӣ имконият дод, ки истеҳсоли гӯшт афзун гардида, таъминоти аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ, ҳамчунин, тухм хубтару беҳтар гардад. Соҳаи моҳипарварӣ низ хеле рушд ёфта, истеҳсоли он афзун гардид. Натиҷаи пешрафти соҳаи парандапарварӣ ва моҳипарварӣ буд, ки воридоти гӯшт ба кишвар аз 10700 тоннаи соли 2014 то 180 тонна дар соли 2020 коҳиш ёфта, қариб 60 баробар кам шудааст.

Пешрафти соҳаи боғу токпарварӣ низ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ босуръат рушд намуд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз тарафи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи мазкур дигаргунии куллӣ ба амал омад. Дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боғу токзор ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудааст, ки нисбати соли 1991-ум 2,2 баробар зиёд мебошад. Ба таври дигар гӯем, замони соҳибистиқлолӣ 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, таъмини ҷойҳои нави корӣ, рушди содирот нақши муҳим мебозад. Пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон оид ба дастгирӣ намудани кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ озод намудани хоҷагидорон дар соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин боиси хурсандии кулли мардуми Тоҷикистон гардид. Рӯҳияи онҳоро баҳри боз ҳам беҳтару хубтар фаъолият намудану афзун намудани истеҳсоли маҳсулот ва таъмини амнияти пурраи озуқавории мамлакат даҳчанд боло бардошт.

Хуллас, имрӯз ҳар сатри Паёми Пешво дастур ва раҳнамоест баҳри ободии кишвар, фардои дурахшон ва зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистони азизамон. Мо бояд онро пурра омӯхта,  баҳри сари вақту мувофиқи талаби рӯз амалӣ намудани вазифаю дастурҳое, ки барои мо муайян гардидааст, масъулият эҳсос карда, бештар  ҷидду ҷаҳд намоем.

 

Сайдалӣ Сироҷиддин Сайвалӣ, судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон  

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода