Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Паём-дурнамои рушди устувори иқтисоди миллӣ


Паём-дурнамои рушди устувори иқтисоди миллӣ


Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти самтҳои муҳими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳо ва таъкиди афзалиятҳои навин барои  як давраи миёнамуҳлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мегардад.  Ва ё аз ҷониби дигар Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан ҳам соли таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид.

Бо таваҷҷуҳ ба ҳалли масъалаҳои умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тавзеҳи ҳолати кунунӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро бо чунин суханон ибтидо бахшиданд: «Тавре ки кулли ҳамватанони азизимо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳншудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад».

Новобаста аз вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва буҳронҳои зиёди иҷтимоиву молиявии ҷаҳонӣ дар кишвар соли сипаригашта, ду чорабинии муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва махсусан, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки мардуми шарифи кишвар бо истифода аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва фарҳанги волои сиёсӣ фаъолона ширкат варзида дар як фазои озоду демократӣ баргузор гардидани он саҳми арзанда гузоштанд.

Дар ҳамин радиф, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону бонувон ва ҷавонону сокинони кишвар ҷиҳати ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи    Ҳукумати мамлакат ва хосса тадбиқу иқдомоти Президенти кишвар сипосу миннатдории хешро баён намуданд.

Бо дарназардошти натиҷаҳои мавҷуда зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат давоми як даҳсолаи охир аз тамоми сарчашмаҳои мавҷуда ба таври самаранок истифода карда, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти каммуникатсионӣ ва саноатикунии босуръати кишвар тадбирҳои муҳиму муайяне ба иҷро расида истодааст.

Воқеан ҳам, дар ин замина, мову Шумо набояд фаромӯш созем, ки раванди давлатсозии миллии мо таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати мил­лӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати заҳматҳои содиқонаву софдилонаи халқи азизамон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқти­содӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ба марҳалаҳои нави рушд ворид шуда, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогири ҳамаи бахшҳои муҳим ба таври воқеӣ ташаккул ёфтанд.

Дар шароити иқтисоди бо­зоргонӣ рушди соҳибкории хур­ду миёна ва дар маҷмӯъ, бахши хусусӣ дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ нақши муассиру мондагор дорад. Дар ин замина, Пешвои муаззами миллат ба Бонки миллӣ супориш доданд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба талаботи муосири ҷаҳонӣ мутобиқ сохта, раванди идоракунии корпоративиро якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ оид ба беҳтар намудани сифати дороиҳои низоми бонкӣ, афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат ба соҳибкорони истеҳсолӣ ва фаъол намудани низоми рейтинги миллӣ барои ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои суғурта тадбирҳои зарурӣ андешад.

Инчунин таъкид гардид, ки “дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ башумор меравад. Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд.”.

Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки “бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон бо иқтисоди миллӣ соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳо ва дигар дороиҳо афв” гузаронида шавад.

Соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ карда шуд. Дар навбати аввал, бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид намудем. Аз ҷумла ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд.

Дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД – 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардида, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд.

Бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод карда шуд, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад. Нафақаи кӯдакони маъюби то 18 - сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад. Дар ин замина, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки барои бунёди се мактаб – интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе чораҷӯӣ намояд.

Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Дар ин давра зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз 17 миллиард киловатт – соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт – соат дар соли 2019 афзоиш дода шуд.

Ҳоло ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ корҳо оид ба таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» ва дар доираи лоиҳаи «КАСА – 1000» сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500 – киловолта ва зеристгоҳҳо идома дошта, бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардидааст. Соли ҷорӣ нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид гардида, ба истифода супорида мешавад, ки бо иқтидори 270 мегаватт, яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд фаъолият хоҳад кард. Инчунин, соли ҷорӣ сохтмони хатти интиқоли барқи 500 – киловолта аз нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» то зеристгоҳи конвертории «Сангтӯда», ки имконияти содироти барқро зиёд менамояд ва корҳо доир ба навсозӣ ҷиҳати кам кардани талафоти нерӯи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз мегарданд. Бо вуҷуди ин, дар самти таъмини доимиву устувори нерӯи барқ як силсила масъалаҳои муҳимми ҳалталаб вуҷуд доранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи барқ аз ҷумлаи ҳамин масъалаҳо мебошад.

Солҳои охир соҳаи роҳу нақлиёт низ бомаром рушд намуда, дар натиҷа мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардидем. Бо ин мақсад, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии “Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ” гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50–умро ишғол намуд. Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ идома дошта, соли ҷорӣ татбиқи 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба анҷом мерасад. Дар доираи онҳо қитъаҳои Душанбе – Қизилқалъаи шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Бохтар бо харҷи 1,6 миллиард сомонӣ, Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин ва Шкев – Қалъаихумби шоҳроҳи Кӯлоб – Қалъаихумб бо арзиши лоиҳавии 780 миллион сомонӣ ва роҳи мошингарди  Кӯлоб – Муъминобод ба маблағи қариб 250 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Мусаллам аст, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамчун бахши мухиму афзалиятнок дар пешбурди иқтисоди миллӣ нақши муассир дорад.Тибқи таҳлилҳо рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 1997 – 2020–ум 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст. Имтиёзҳои барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ пешниҳодшуда ба рушди соҳаҳои зикршуда такони ҷиддӣ бахшиданд. Масалан, соли 2020 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 расида, нисбат ба соли 2017-ум 2,7 баробар зиёд гардидааст. Дар соли 2020 истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017-ум 4,5 баробар афзудааст ва истеҳсоли тухм қариб як миллиард донаро ташкил дода, 5,5 баробар зиёд шудааст. Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ соли 2020-ум нисбат ба соли 2017-ум 35 фоиз зиёд шуда, истеҳсоли моҳӣ дар давраи муқоисашаванда 2,3 баробар афзудааст. Воридоти гӯшт ба кишвар аз 10700 тоннаи соли 2014 то 180 тонна дар соли 2020 коҳиш ёфтааст, яъне қариб 60 баробар кам шудааст. Ҳаҷми воридоти гӯшти паранда дар соли 2020 нисбат ба соли 2017 зиёда аз 3 баробар коҳиш ёфтааст. Соли 2020 нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладонагиҳо қариб 5 баробар, картошка 7,7, сабзавоту зироатҳои полезӣ 4 ва мева 3 баробар зиёд шудааст.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бунёду азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудккунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба маблағгузорӣ 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст. Ҳоло дар кишвар боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боғу токзори кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991–ум 2,2 баробар зиёд мебошад. Яъне дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки ҳоло дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ, рушди содирот ва бо ашёи хом таъмин кардани саноати хӯрокворӣ нақши назаррас бозида истодааст. Бо ин мақсад, минбаъд афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бисёр муҳим буда, истифодаи самараноки обу заминҳои корам, технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафта, аз ҷумла бунёди боғҳои интенсивӣ бояд таъмин карда шавад. Вобаста ба ин, аз роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар як оила даъват ба амал оварда шуд, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро, махсусан, дар соли 2021 таъмин намоянд.

Ҳамзамон таъкид намуданд, ки “бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд. Бо ин мақсад Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод намуданд, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд.”

Дар масири башарият марҳилаҳои зиндагӣ чунин собит намудааст, ки соҳаи илму маориф дар сиёсати кунунии мамлакат дар сархати аввали иҷтимоӣ боқӣ мемонад, зеро дар марҳалаи навин пешраф­ти ин соҳа дар таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ дорад. Тибқи маълумотҳои ироашуда, соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Новобаста аз ин имкониятҳои мавҷуда таъкид карда шуд, ки мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем.

Дар ин ҷода муассисаҳои типи нави замони истиқлол – мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо пешсаф буда, ҳар сол беш аз 97 фоизи хатмкунандагони ин муассисаҳо сазовори номи донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он мегарданд. Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуд. Илова бар ин, Пешвои миллат чунин таъкид доштанд, ки зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад. Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем. Бинобар ин, зарур аст, ки ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда, маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида зиёд карда шавад. Ҳамчунин, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар Паёми соли гузаштаи пешвои миллат аз 26.122019 низ, таъкид гардида буд, ки бо дарназардошти шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ буда, дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуда буд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд. Имрӯзҳо, мо аз амалишавии раванди иҷроиши ин иқдоми навбатии Пешвои миллат шоҳид гардидаистодаем, ки  алакай қисмати зиёди он бо сифати аъло аз  чоп бароварда шуда, ба мардуми кишвар тақдим гардида, истодааст ва итминони комил дорем, ки то ҷашни бузурги миллиамон 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ин иқдоми хайрхоҳона амалӣ хоҳад гашт.

Дар ҳақиқат, ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад. Пешвои муаззами миллат ҳамчунин, рушди соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии мо шуморида, қайд намуданд, ки “дар зарфи соли якуми эълон гардида­ни Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳо­ти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ бомаром идома дорад. Имрӯз дар ҷаҳон соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёт ва бо суръати баланд рушдёбанда ба ҳисоб меравад. Бо дарки мавқеи ин соҳа дар иқтисоди миллӣ мо рушди соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок муайян карда, солҳои 2019 – 2021–умро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудем.”.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тибқи маълумотҳои оморӣ соли 2018 бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳон қариб ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2017–ум 2,6 баробар зиёд шудааст. Дар соли 2019 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 1 миллиону 260 ҳазор нафарашон сайёҳон буданд. Тайи солҳои 2018 – 2020–ум дар кишвар 145 ширкати нав иҷозатномаи фаъолият гирифта, дар ин муддат, дар маҷмӯъ, 224 ширкат ба бозори сайёҳӣ ворид гардид. Дар заминаи ташаббусҳои зикргардида ва имтиёзҳои дар ин самт пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти бахши хусусӣ густариш пайдо карда, шумораи меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ зиёд шуд ва ин тадбирҳо ба рушди деҳот, хусусан, дар хатсайрҳои сайёҳӣ таъсири мусбат расониданд.

Дар ин раванд, Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардид.

Бо таваҷҷуҳ ба масоили ҳамкориҳои байналмилалӣ Пешвои миллат афзуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Дар ин замина муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мо, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта истодаанд ва мо ин сиёсатро дар оянда низ густариш медиҳем.                                                                                                                                            

Масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарикони стратегӣ ва рушди мо - Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чун ҳамеша дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Ҳамчунин, дар ин самт зикрг гардид, ки  мутобиқ бо ҳадафҳои дарозмуддати стратегии худ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро бо кишварҳои ба мо дӯсту хайрхоҳи ҷаҳони ислом, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷануби Шарқӣ, Уқёнуси Ором, Африқову Амрико ба роҳ монда, рушду тавсеа хоҳем бахшид. Аз назари мазмун ва муҳта­вои умумӣ, Паёми имсолаи Пешвои миллатро метавон ба як қатор бахшҳои муҳиму асосӣ тақсимбандӣ намуд, ки ҳар яке аз онҳо барои рушди устувору таъ­мини зиндагии сазовори мардум аз ҷумла, таҳлили равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва тафсири ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти ни­зоми молиявии кишвар, масъа­лаҳо ва ба тадбиқи дурнамои рушди устувори ҳама бахшҳои мавҷудаи хоҷагии халқи кишвар аҳамияти муайянкунанда дорад.

Дар баробари ин, Президент мамлакат ҳангоми дахл ба масъалаҳои мавҷуда, ҳамчунин ба мавзӯоти ҷавонон, қонун, ҷомеа ва ҳуқуқ, мубориза ба муқобили коррупсия, тартиботи ҷамъиятӣ, Қувваҳои мусаллаҳ ва муноси­батҳои байналмилалӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, татбиқу иҷрои онҳоро дар шароити му­раккаби ҷаҳони муосир аз ҳар як шаҳрванди диёр муҳиму авва­линдараҷа арзёбӣ намуданд.

Воқеан ҳам, Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар дидгоҳи мардум­солорӣ ва сиёсати инсонмеҳва­рии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ифода намуда, бо итминони ко­мил метавон афзуд, ки мо вакилони мардумӣ дар фаъолияти ҳамешагии худ ба­рои соли 2021 шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои муаззами миллатро ба таври васеъ ба роҳ монда, ҷаш­ни муқаддасу бузурги умумилли­амон - 30-солагии Истиқлолрро бо натиҷаҳои намоёну комёбиҳои арзишманд истиқбол хоҳем гирифт.

 

Раҳмонзода Зоир Файзалӣ,

вакили Маҷлиси намояндагонии

Маҷлиси олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,

узви Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин.

parlament.tj


Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода