Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » МАРТАБАИ ЗАНОН БАЛАНД МЕГАРДАД


МАРТАБАИ ЗАНОН БАЛАНД МЕГАРДАД


Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баробари дигар масъалаҳои баррасигардида, ба мақому мартабаи занон диққати зарурӣ дода шуда, барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори занон дар ҷомеа тавсия ва маслиҳатҳои даркорӣ доданд. 

Чуноне дар Паёми навбатии худ рӯзи 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, сафи занону духтарон дар мақомоти роҳбарикунанда ва қонунбарор баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол зиёд мегардад. Айни замон чуноне омор нишон медиҳад, 8 нафар занон узви Маҷлиси миллӣ, 15 нафар Маҷлиси намояндагон, хамчунин шумораи зиёд вакилони маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ мебошанд. Дар соҳаи маориф бошад, 73 фоиз, соҳаи тиб 68 фоиз занон кор мекунанд, ки ин нисбати солҳои қаблӣ хеле зиёд аст.

Баланд гардидани обрӯ ва эътибору мартабаи занон дар ҷомеаи мост, ки шумораи занони роҳбару роҳнамо дар ноҳияи мо низ сол аз сол боло меравад. Ҳамаи инро мо, занон аз файзи истиқлолу аҳамияти бояду шояд додани Пешвои миллат нисбати занон медонем. Алҳол нар ноҳияи мо аз ҳисоби занони ноҳия як вакили вилоятӣ, 14 вакили ноҳиявӣ, 35 вакили ҷамоат, 55 нафар роҳбарон мебошанд. Занони фаъоли ноҳия дар истеҳсолот низ фаъолияти баланд нишон медиҳанд. Имрӯз 28 хоҷагии деҳқонии ноҳияро занон ба уҳда доранд, ки дастовардҳояшон дар бахши хоҷагии қишлоқ хеле баланд аст. Дар бахши таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба қадр ҳол саҳми муносиб мегузоранд. Нафари дигар аз ҳисоби занон роҳбарии корхонаи саноатиро ба уҳда дорад, ки имрӯз натиҷаҳои истеҳсолиаш мувофиқи мақсад аст. Барои бахши тиб хилъат, ниқобу маводи рахти хоб, барои толибилмон сару либоси мактабӣ тайёр менамоянд.

Мо, занони ноҳияи Балҷувон чун дигар занони кишвар  сиёсати Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус нишондоду дастурҳои Пешвои миллат, Паёми ӯро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ намуда, баҳри амалӣ гардидани нишондоду дастурҳои мақомоти болоӣ тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ менамоем.

Рӯзигул ҚУРБОНЗОДА,

мудири бахши занон ва 

кор бо оилаи мақомоти иҷроияи 

Ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода