Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ТАҚВИМИ БОЗИҲО


ТАҚВИМИ БОЗИҲО


Дар минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб марҳилаи аввали Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст 22 ва 23 -юми январи соли 2021 оғоз мегарданд. 

Тибқи иттилои Федератсияи футболи вилояти Хатлон, бозии аввали Ҷоми ФФТ рӯзи 22 январ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор мегардад, ки дар он 6 даста: "Хатлон"-и шаҳри Бохтар, "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ, "Моҳир"-и ноҳияи Ёвон, "Чашма"-и ноҳияи Шаҳритус, "Пахтакор"-и ноҳияи Қубодиён ва "Бохтар-33-33"-и шаҳри Бохтар миёни ҳам мубориза мебаранд. 

Дар минтақаи Кӯлоб бошад, рӯзи 23 январ Ҷоми ФФТ бо иштироки шаш даста-"Равшан"-и Кӯлоб, "Файзканд"-и Восеъ, "Ҳосилот"-и ноҳияи Фархор, "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъ, "Шоҳин"-и ноҳияи Муъминобод ва "Сарҳадчӣ"-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб барои ҷойи якум рақобат мекунанд. 

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода