Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁН АЗ ОСОРХОНАИ «АВАСТО»


БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁН АЗ ОСОРХОНАИ «АВАСТО»


Донишҷӯёни хориҷие, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳсил мекунанд, бо роҳбарии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Икром Фатҳуллоев, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ аз осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон - “Авас-то” дидан намуданд.  

Бинои осорхона аз ду ошёна иборат буда, дар он нигораҳо ба таври замонавӣ ба намоиш гузошта шудааст. Дар осорхона ашёҳо аз рӯзгор ва фаъолияти қаҳрамонони халқи тоҷик ва маснуоти мисӣ, чӯбин, сангӣ, биринҷӣ, сафолӣ, дастхатҳои қадима ва дигар нигораҳо мавҷуданд.

Кормандон ва роҳбаладони осорхона ба донишҷӯёни хориҷӣ оид ба таърихи халқи тоҷик аз давраи қадим то замони имрӯз маълумоти муфассал доданд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар қабати якуми осорхона нигораҳое мавҷуданд, ки таърихи халқи тоҷикро бозгӯянд. Меҳмонон ин ҳамаро бо шавқ тамошо карданд.

 

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода