РӮ БА КИТОБ ОВАРЕМ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 21 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм, Боздид 1 226Китоб василаи муҳими ахбори оммавӣ, илмӣ ва техникӣ, аслиҳаи пурзӯри муборизаи сиёсию идеологӣ буда паҳнкунанда ва ташвиқотчии дониш, маълумот ва тарбия ба шумор меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд: «Мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем». Дар ҳошияи ин суханон қайд карданиам, ки тамоми пешравии ҷомеа дар асоси таълим ва тарбия ривоҷ меёбад. Таълим ва тарбия бошад дар асоси мутолиа намудани китоб ва адабиётҳои соҳавӣ ба вуҷуд меояд. Чунки соҳаи асосии пешрафти ҷомеа ин маориф ва илм мебошад. Илм ва маориф бе мутахассиси соҳавӣ ва зарурӣ пурқувват шуда наметавонад ва пеш намеравад.
Барои пешравии кишвари азизамон доир ба ин ё он соҳаи илм техника ва маданият, кадрҳои соҳибтахассус лозим аст, ки дар айни замон ҷавононро ба ин соҳа пешрав созем. Аз ин хотир, ҳар як шахси комилҳуқуқ, хонанда, донишҷӯ ва мутахассиси ин ё он соҳа бояд як вақти муайян барои мутолиаи китоб ҷудо кунад. Дастрас кардани ин ё он адабиёт ва китоб дар шароити имрӯзаи мамлакати азизамон бисёр қулай ва осон шудааст. Аз ҷумла, тамоми китобхонаҳо, аз китобхонаҳои деҳотӣ то китобхонаҳои марказӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ кор ва амал карда истодааст.
Як мушкилии асосии имрӯзаи ҷомеа дар он аст, ки мардум ба китобхонаҳо намераванд ва кам ба мутолиаи китоб диққат медиҳанд.
Дар нимаи дуюми асри 20 аз ҷиҳати китобхонӣ ва китобдорӣ ИҶШС (СССР) дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекард. Дар замони муосир бошад, Ҷопон (Япония), Чин (Хитой), Ҳиндустон, аз ҷиҳати китобхонӣ ҷои намоёнро (аввалро) сазовор гаштаанд ва дар ҷаҳон аз ҷиҳати истеҳсоли электроника ва техника низ ҷои намоёнро ишғол кардаанд.
Миллати тоҷик ҳамчун узви мардуми ориёӣ, яке аз халқҳои қадимтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки он аз саҳифаҳои дурахшони қаҳрамонию мардонагӣ, китобдориву китобсозӣ ва таназзулу фоҷиаҳо саршор мебошад. Мо-мардуми Тоҷикистон саҳифаҳои дурахшони таърихи аҷдодони хешро дар мубориза баҳри муҳофизати ватани худ бар зидди аҷнабиёни мақдунӣ, арабҳо, муғулҳо медонем. Таърих гувоҳ аст, ки гузаштагони мо на бо ҷангу ҷидол, балки бо инкишофи кишоварзӣ, бунёду ободии шаҳрҳои бостонӣ, ба монанди Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳирот, офаридани яке аз қадимтарин китобҳои муқаддаси ҷаҳонӣ – «Авесто» ва инчунин бо фарзандони баруманд, олимон ва шоирон, эҷодкорон ва ҳунармандон ба ҷаҳониён шинохта шуд. Халқи тоҷик махсусан, дар замони ҳуҷумҳои забткоронаи аҷнабиёни муғул таҳдиди сахти нестшавии ҷисмониро аз сар гузаронид, ки садҳо ҳазор нафар фарзандонашро сар бурида, шаҳру деҳаҳои ободро ба харобазор табдил доданд. Мардумони ин диёр ба муқобили душман дар баробари сипар фарҳанг, китоб ва адабиёти худро пеш гузошт, ба онҳо иттифоқ, ҳамзистиву ҳамкориро пешниҳод кард. Худ, ки маърифатноку маорифпарвар буд, ба аҷнабиён ва душман бартарии илму маърифатро исбот намуд, онҳоро низ ба ҳамин роҳ ҳидоят сохт. Ва дар таърихи навтарини ҷаҳон соҳиби давлат шуд, Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард, давлатдории худро аз сари нав оғоз карда, онро ба як давлати зеботарини ҷаҳон табдил дода истодааст. Умед ва боварии комил дорем, ки дар мудати кӯтоҳ мушкилиҳои дар пеш истода доир ба ҷалби китобхонӣ ва китобдӯстӣ бартараф хоҳад шуд ва чун пештара ҳама барои дастрас кардани китоб рӯ ба китобхонаҳо ва мағозаҳои китоб меоваранд.
Ф. САЙЁД
ПРЕЗИДЕНТ
-
-
Мактаби бузурги сулҳофарии Пешвои миллат
-
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон