Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » КОРХОНАИ МЕБЕЛСОЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ


КОРХОНАИ МЕБЕЛСОЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ


Ба хотири дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ дар авҷ буда, боз як корхонаи наву замонавии мебелсозии “Ҳаким” ба фаъолият оғоз намуд.

17-уми январи соли 2021 бо иштироки роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода, кормандони  дигар ташкилоту идораҳо корхонаи номбурда мавриди истифода қарор дода шуд.

 Дар корхона таҷҳизоти истеҳсолӣ аз давлати Туркия дастрас ва васлу насб гардида, дар он дару тиреза, мизу курсиҳои муосир ва дигар намуди мебелҳои хушсифат истеҳсол мешаванд. Дар коргоҳи наву замонавӣ 10 нафар сокинони маҳалла бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. 

Дар охир ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир таваҷҷуҳи соҳибкор ва коргарони корхонаро ба истеҳсоли маҳсулоти дар бозор рақобатпазир ва таъмин намудани бозор бо маҳсулоти аълосифат ҷалб намуданд. 

У. ФИРДАВС

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода