Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » БЕҲТАРИНҲОИ ФУТБОЛ ДАР СОЛИ 2020


БЕҲТАРИНҲОИ ФУТБОЛ ДАР СОЛИ 2020


30 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2020 доир гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон, дар маросими ҷоизасупорӣ ғолибони лигаҳои кӯдакону наврасон, бонувон, чемпионатҳои футбол ва собиқадорон, лигаҳои якум ва олии Тоҷикистон ва, инчунин, ғолибон дар дигар номинатсияҳо мукофотонида шуданд. Дар ин маросим бозингарони дастаҳои вилояти Хатлон ба гирифтани ҷоизаҳои инфиродии футболи тоҷик дар соли 2020 мушарраф гардиданд.

Ҷоизадорони мавсими футболи соли 2020 аз дастаҳои вилояти Хатлон инҳоянд:

Лигаи наврасони «Пешсаф» (U-15):

Нишонзани беҳтарин - Диловар Азизов («Равшан»),

Беҳтарин мураббӣ - Фаридун Рустамов («Равшан»).

Лигаи бонувон:

Беҳтарин нишонзан - Лайло Ҳалимова («Хатлон»).

Беҳтарин бозигар - Рафина Нормуратова («Бешкент»).

Мусобиқаи байни собиқадорон:

Беҳтарин бозигар - Насим Давлатов («Равшан»),

Беҳтарин мураббӣ - Ориф Маҳмудов («Ҳосилот»).

Мусобиқа байни дастаҳои лигаи якум:

Беҳтарин бозигар - Аваз Қамчинов («Ҳулбук»),

Беҳтарин мураббӣ - Ғайраталӣ Мираҳмадов.

Мавриди ёдоварист, ки соли гузашта  дастаҳои футболи ҳам занона ва ҳам мардона дар ҷумҳурӣ мавқеи баландро соҳиб гашта, ба мукофотҳои баланд ноил гардиданд. Аз ҷумла,   ду даста "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб ва "Хатлон"-и шаҳри Бохтар, мебошанд, ки дар мавсими футболи соли 2020 дар садри баланди ҷадвали мусобиқот қарор дош- танд.

 

Фирдавс УМАРОВ,

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода