Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ВАРЗИШ-ОМИЛИ СОЛИМӢ ВА ЗЕБОӢ


ВАРЗИШ-ОМИЛИ СОЛИМӢ ВА ЗЕБОӢ


Соҳаи варзиши тоҷик дар давоми солҳои  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ёфт. Зеро, соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳам дар баробари дигар соҳаҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. 

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик заминаи мусоид фароҳам омад. Истиқлолияти кишвар барои рушди соҳаи варзиш шароит фароҳам сохт, ки ҷавонону варзишгарони кишвар бо иштирок дар мусобиқаҳои ҷаҳониву байналмилалӣ миллату давлатамонро байни дигар халқиятҳои ҷаҳон муаррифӣ намоянд.   

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Миллати ҷисман солим рӯҳан низ солиму муқтадир мешавад”. Бо назардошти аҳамият ва муҳиммияти соҳибистиқлолӣ ба масоили марбут ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардад. Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун дастоварди нодири миллати тоҷик тавонист, ки ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ва фароҳам омадани имкониятҳои васеи варзишӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. 

Боиси хушнудист, ки дар шароити имрӯзаи рушд, варзиш машғулияти асосии мардум, бахусус наврасону ҷавонон гардида, дар ин замина варзишгарони тоҷик борҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Парчами миллии кишварро баланд бардоштаанд. 

Марҳалаи навини рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварамон дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ бо таъсису барқарор намудани муассисаҳои варзиш, баргузор намудани чорабиниҳои оммавии варзишӣ, солимгардонӣ ва таъмини иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оғоз гардид.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи варзиш ва ҳалли мушкилоти мавҷуда барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ қабул ва амалӣ гардиданд. Қабули барномаҳои маҷмӯии “Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш” ва “Рушди футбол барои солҳои 2017-2021” ҳамчун маҷмӯи амалҳои Ҳукумати кишвар ба пешрафти минбаъдаи соҳаи варзиш мусоидат менамояд.

Тавре Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд: “Мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, зеро варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад”.

Тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш баҳри солимгардонии рӯҳу тан бояд яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа бошад. Зеро дар давлати соҳибистиқлоли мо барои рушди варзиш ва машғул гардидан ба он тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. 

Ҳадафи асосии мо аз амалӣ кардани сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон ва варзиш, пеш аз ҳама, тарбия намудани насли худшиносу худогоҳ, донишманду созанда, соҳибмаълумоту соҳибкасб, аз лиҳози ҷисмониву маънавӣ обутобёфта ва бо ҳамин роҳ ба вуҷуд овардани заминаи боэътимод барои ҷомеаи ояндаи Тоҷикистон мебошад.

Бег Раҳимов, 

омӯзгори МТМУ   

№9-и ноҳияи Данғара

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода