Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » САЛОМАТИИ МАРДУМ ДАР МАДДИ АВВАЛ


САЛОМАТИИ МАРДУМ ДАР МАДДИ АВВАЛ


Борҳо ин суханро аз забони хосу ом шунидаем: «Саломатии мардум бойигарии давлат аст». Дурустии ин гуфтаро соли сипаригашта исбот намуд. Вазъи баамаломада дар соҳаи тандурустӣ, на танҳо дар ҷумҳуриамон, балки дар ҷаҳон бар асари пайдоиши пандемия, бемории коронавирус (СОVID-19) хеле мураккаб гардид. Ба хизматрасонии баланди тиббӣ нигоҳ накарда, наздики сад миллион нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, даҳҳо ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд. Хисороти молӣ, пастравии истеҳсолот низ хеле зиёд буд.

Шукри он мекунем, ки бемории коронавирус дар ҷумҳуриамон чандон шадид набуд. Наздики 12 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор гардид. Бояд тазаккур дод, ки паст будани дараҷаи бемории коронавирус дар Тоҷикистон, аз як тараф, шадид набудани он бошад, аз тарафи дигар омодагӣ ба пешгирии ин беморӣ буд. Тамоми чораҳои зидди паҳншавии беморӣ роҳандозӣ карда шуд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ моҳҳои март, апрел тадбирҳои саривақтӣ андешида шуд. Бо супориши раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода ситоди махсус таъсис дода, барои амалӣ гардонидани тадбирҳои муҳофизативу  профилактикӣ чораҳои судманд андешида шуд. Кулли муассисаҳо ва ташкилотҳо, аз ҷумла муассисаҳои мактабӣ, роҳҳо тавассути Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ, идораи дизенфексия ва, ҳамчунин, тавассути дастгирии корхонаҳо бо маводи зарурӣ беза-рар гардонида шуданд.

Табибони ноҳия низ дар ин бахш дар сархатти мардони ҳомии саломатӣ қарор доштанд. Барои табобати ин беморӣ дар беморхонаи марказии ноҳия, ҳамчунин, дар ҷамоатҳо табобатгоҳҳои хоса муайян гардида, бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуданд. То ин муддат дар ноҳия 154 нафар беморони «СОVID-19»  бистарӣ карда шуда, аз ин шумора 142 нафарашон табобат ёфта, назди аҳли оилаашон баргаштанд. Дар ин бахш заҳмати табибон, ҳомиёни саломатӣ. духтурони сироятшинос Шамсиддин Раҳмонов, Аминҷон Мадаминов ва дигар кормандони миёнаи тиббии шуъбаи сироятшиносӣ кам нест.  Мо ба  ҷасорату инсондӯстии кормандони шуъба офарин гуфта, ба онҳо тансиҳативу барори кор хоҳонем.

Беморхонаи марказии ноҳия, ки ин дам шакли госпиталӣ гирифтааст, даҳ шуъбаи бахши бистарикунонӣ дорад, ки маризонро ба табобат фаро мегирад. Ҳамчунин,4 беморхонаи деҳотӣ ва як беморхонаи рақамӣ дар хизмати мардум қарор дорад. Аҳолии ноҳия, ҳамчунин, аз хизмати марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббии деҳотӣ низ баҳраваранд.

Айни замон, дар ноҳия 166 нафар духтури маълумоти олидор ва 966 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, дар беморхонаи маркази ноҳия 62 нафар духтури маълумотиолидор, ки аз инҳо 27 нафарашон категорияи олӣ доранд, ҳамчунин, 366 нафар корманди миёнаи тиббӣ фаъолият менамоянд.

Сокинони ноҳия аз меҳнату муомилаи хуши кормандони бемористон, аз ҷумла духтурони ҷарроҳ Салоҳ Муъминов, Ҳабибуллоҳ Ҷалилов, Тағаймурод Абдуллоев, акушер - генекологҳо Саида Халифаева, Саодат Маҳмадалиева ва кормандони миёнаи тиббӣ Гулсара Абдуллоева, Солеҳамоҳ Сафарова ва Ҷамила Ғуломова миннатдор буда, изҳори сипосу   қадрдонӣ  менамоянд. 

Бемористон, кормандони он тамоми ҷидду ҷаҳди худро ба он равона намудаанд, ки дар фасли сармо-зисмистон низ хизматрасониро мувофиқи мақсад ба роҳ монда, вазифаи худро бо масъулияти дучанд иҷро намоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои таъмини гармӣ дар фасли зимистон 16 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд. Алҳол 8 тонна ангишт, 85 куб ҳезум захира карда шудааст. Баробари ин, ҳангоми зарурат аз  бухориҳои барқии каммасраф низ истифода бурда мешавад.

Ташвиши мо- табибон ҳоло низ зиёд аст. Зеро бемории коронавирус аз байн нарафтааст. Чуноне аз маълумот бармеояд, шакли нави коронавирус пайдо шудааст. Худо нигоҳ дорад, ки он ба ҷумҳурии азизамон сар надарорад. Аз ин лиҳоз, тамоми чораҳои пешгирии бемориро андешидан мувофиқи мақсад ва талаби айём аст. Дар ин раванд набояд мо заррае ба бепарвоию фориғболӣ роҳ диҳем. Он дастуру пешниҳодҳое, ки оид ба пешгирии бемории коронавирус аз тарафи кормандони бахши тандурустӣ пешниҳод мегардад, бояд пурра риоя ва иҷро  шавад. Дар ин сурат мо метавонем худ ва атрофиёнро аз ин беморӣ ҳифз намоем. Дар ин бахш ба кулли мардуми шарифи ҷумҳуриамон барору комёбӣ орзу намуда, тансиҳатии комилро таманно менамоям.

Соли нав муборак, ҳамватанони азиз!

Ҳасанҷон РОЗИҚОВ,

сартабиби бахши госпиталии беморхонаи маркази ноҳия

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода