Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » МАОРИФ-ПОЯИ ДАВЛАТ


МАОРИФ-ПОЯИ ДАВЛАТ



Алишер ИСОЕВ,

мудири шуъбаи маорифи ноҳияи 

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

--------------------

Пояи давлат намонад бе маориф

 устувор,

Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар 

мактаб биёр.

Оре, ҳақ ба ҷониби гузаштагони мо аст, ки инро садсолаҳо қабл таъкиду гӯшрас карда буданд. Бузургии мактабу маориф мебошад, ки он дар ҳар давру замон мақому мартабаи хосе дошт.  Имрӯз низ мактабу маориф дар сархатти проблемаву масоили рӯз қарор дорад. Зеро ки пешрафту тараққиёт, шукуфоии ҳар ҷамъият, зиндагии шоиста ба мактабу маориф алоқамандии ногусастанӣ дорад. 

Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мактабу маорифи тоҷик низ чун дигар кишварҳои мутараққӣ рӯ ба инкишофу пешравӣ ниҳод.

Ҳарчанд солҳои аввали соҳиб-истиқлол гардидани ҷумҳуриамон бар асари нооромиҳо як муддати муайян дар соҳаи маориф бенизомиву бесарусомонӣ ба амал омада бошад ҳам, хушбахтона, баъди ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф аз нав  рушд кард, ба пешравию комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои худ борҳо таъкид намудааст, ки «ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам».  Бале, ҳамин тавр ҳам шуд. Ин буд, ки дар соҳаи маориф қонуну қарорҳои махсус қабул ва маблағҳои зиёде ҷудо гардид. Иҷтимоиёти муаллимон боло рафт, маоши онҳо баланд гардид. Давоми солҳои охир садҳо биноҳои нави таълимӣ мавриди истифода қарор гирифта, биноҳои қаблӣ таъмиру тармим ва бо таҷҳизоту васоити замонавии таълимӣ  таъмин гардиданд.

Чун дигар навоҳии кишвар, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ  соҳаи маорифи ноҳияи мо низ рушду такомул ёфт, пеш рафт. Имрӯз дар ноҳия 41 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ, 4  муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 гимназия, 1 литсей, 1 маркази таҳсилоти иловагӣ, ҳамчунин, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, бахши технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ва 4 кӯдакистон фаъолият менамояд.  Ба таълиму тарбия 32617 нафар толибилмон фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 1911 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд. Бо шарофати ғамхориву дастгирии давлат дар соҳаи маорифи ноҳия норасоии кадрӣ ҳалли худро ёфтааст. 

Бо мақсади беҳдошти сифати таълиму тарбия фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, рафти машғулияту дарсҳо зери назорати қатъӣ қарор дорад. бояд гуфт, ки аз аттестатсия,  акредитатсияи давлатӣ ва иҷозатномадиҳӣ гузаронидани таълимгоҳҳо яке аз шохаҳои муҳими ислоҳоти соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад, давоми соли 2020 дар чанд муассисаи таълимӣ санҷишу ташхисҳо гузаронида шуданд. Дар ин санҷишҳо фаъолияти омӯзгорону роҳбарони мактабҳо, самаранок гузаштани дарсҳо, сифати донишу дараҷаи донишазхудкунии хонандагон, ҷобаҷогузории кадрҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин буд, ки сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ хеле боло рафт ва он натиҷаи нек дод.  Дар ҷамъбасти олимпиадаҳои вилоятӣ хонандагони ноҳия сазовори 65 медал гардида, 8 ҷои ифтихориро соҳиб шуданд, 7 нафари дигар бошад, ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.  Хонандагони ноҳия Рӯзигул Давлатова, Моҳрӯ Нуриддинзода, Сомон Амирхонов, Темуршо Нуриддинзода сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардиданд. 

Эълон гардидани солҳои 2020-2040  чун бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ яке аз иқдомҳои дигари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз тарафи кулли омӯзгорну шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо хурсандӣ пазируфта шуд. Ин имкон медиҳад, ки бахши мазкури илм низ рӯ ба пешравӣ орад, масъулияти шахсони мутасаддиро боз ҳам баланд бардорад. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимии ноҳия ин масъала дар ҷои аввал қарор гирифт. Ба мақсади рушди ин фанҳо соатҳои иловагӣ муқаррар ва олимпиадаҳо баргузор  гардиданд, ки дар онҳо 960 нафар хонандагон ширкат варзида, дараҷаи дониши худро санҷиданд. Ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.  Бояд гуфт, ки ин тарзи кор рӯҳияи хонадагон ва шавқу завқи онҳоро ба омӯзиши илмҳои дақиқ боз ҳам зиёда мегардонад. 

Ҷиҳати амалисозии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022»  чораҳои мушаххас андешида шуданд. Аз ҷумла, давоми соли 2020 аснои таътили зимистона ва баҳорӣ курсҳои махсуси омӯзиши компютер таъсис дода, ба ин курсҳо 168 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ фаро гирифта  шуданд. Алҳол дар мактабҳои ноҳия 1245   компютер, 301 принтер, 60 дастгоҳи нусхабардор, 22 тахтаи электронӣ ва   30  видеопроектор , 432  камераҳои назоратӣ мавриди истифода қарор доранд.

Соли ҷорӣ 1425 нафар хонандагон тавассути Маркази миллии тестӣ, бе ММТ 738 нафар, аз ҷумла тибқи квотаи президентӣ 21 нафар, ҷамъ 2163 нафар  ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу литсейҳои касбӣ шомил гардиданд, ки 91 фоизи хатмкунандагонро ташкил медиҳад. 

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам 500 нафар омӯзгорони фанҳои гуногун аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ва 208 нафар аз курсҳои таълими салоҳиятнок гузаштанд, ки ин ба боз ҳам беҳтар гардидани сифати таълиму донишомӯзии хонандагон мусоидат намуд.

Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз боиси ташвиши умум гардидааст, ин хуруҷи бемории «СОVID-19» - коронавирус мебошад. Пӯшида нест, ки  ин беморӣ бештар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба шахси солим мегузарад. Шукр мекунем, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия чунин ҳодиса рух надодааст. Барои ҳифзи хонандагон аз ин беморӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, тозагии санитарӣ аҳамияти бояду шояд дода шуда, аз васоити эмингардонӣ васеъ истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, тавассути синфхонаҳои дӯзандагии мактабҳо 20073 ниқоб дӯхта шуданд, ки ин мавриди истифодаи хонандагон қарор гирифтанд.

      Самарабахшу босифат гузаштани дарсҳо дар фасли зимистон аз бис-ёр ҷиҳат ба омодагӣ ба ин давра аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раиси ноҳия  Бозоралӣ Одиназода ба ин самт диққати хоса медиҳанд. Тавассути дастгирии   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 891 тонна ангишт, 956 метри мукааб ҳезум, 6000 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст.  Синфхонаҳо бо печҳои барқӣ ва ҳезумӣ таъмин  шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки давоми фасли зимистон низ таҳсил хубу сифатнок гузаронида шуда, ба донишазхудкунии  баланди толибилмон мусоид гардад. Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки кормандони соҳаи маориф аз иҷрои вазифаи ба уҳдадоштаашон бо сарбаландӣ мебароянд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода