Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ноҳияи Дӯстӣ нақшаи шудгори заминҳо


Ноҳияи Дӯстӣ нақшаи шудгори заминҳо


То 12- декабри соли 2020 дар ноҳияи Дӯстӣ нақшаи шудгори заминҳо барои омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ 29% иҷро гардидаасту халос. Дар ин бора зимни суҳбат бо мо Комил Ҳоҷиёров, сардори раёсати кишоварзии ноҳия иттилоъ дод. Ба гуфтаи манбаъ боришоти барвақтии барфу боронҳои пай дар пай монеи кӯшишҳои деҳқонон баҳри сари вақт гузаронидани шудгор ва кишту кори зироатҳои тирамоҳӣ шуда истодааст.

Новобаста ба номусоидии боду ҳаво ва дигар мушкилоти мавсимӣ то ин давра деҳқонони ноҳия нақшаи кишти ғалладонагиҳоро ба 2630 гектар расонидаанд, ки ин ба 92% нақшаи пешбинишуда баробар мебошад. Аз масоҳати умумии кишти ғалладонагиҳои тирамоҳӣ 2280 гектарро кишти гандум ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Комил Ҳоҷиёров тибқи дурнамо имсол ҳама бахшҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Дӯстӣ дар майдони 4350 гектар зироатҳои гуногун кишт карда мешавад, ки аз ин 2844 гектар ғалладонагиҳо, 929 гектар сабзавот, аз ҷумла, 365 гектар пиёз, 270 гектар картошка, 250 гектар сабзӣ104 гектар дигар навъ сабзавотҳоро дар бар мегирад. 

Дар баробари саъю талошҳо баҳри афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳамзамон хоҷагидорони ноҳия бо дарназардошти рушди соҳаи чорводорӣ ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти гушту шир ба кишту кори зироатҳои хӯроки чорво таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. То ҷамъбасти даҳҳаи аввали моҳи декабри соли 2020 хоҷагиҳои зотпарварии ноҳияи Дӯстӣ дар баробари кишту парвариши дигар навъҳои хӯроки чорво дар майдони 310 гектар беда кишт намудаанд ва қитъаҳои парвариши бедаи кӯҳна бошад ба 910 гектар мерасад.

Ҷамолиддин, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода