Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Кишти картошкаи тирамоҳӣ


Кишти картошкаи тирамоҳӣ


То 16-уми декабр танҳо дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон дар майдони 760 гектар картошкаи тирамоҳӣ кишт карда шудааст,ки ин 17,6 % нақшаи кишти картошкаи тирамоҳиро ташкил медиҳад.  Тибқи иттилои масъулони  Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, ба мушкилиҳои мавҷуда нигоҳ накарда, айни замон кишоварзони шаҳри Бохтар нақшаи кишти картошкаи тирамоҳиро 43% иҷро намуда, ин нишондод дар ноҳияҳои  Хуросон 32% ва дар ноҳияи Ҳамадонӣ 31,8 дарсадро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Бинобар иттилои Қутбиддин Халилов, сардори шуъбаи растанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, гарчанде, ки аз оғози мавсими имсола рафти кишту кори зироатҳои тирамоҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон назаррас арзёбӣ мегардид, аммо бинобар боду ҳавои номусоид деқонон наметавонанд, ки кишти картошкаи тирамоҳиро сари вақт ба анҷом расонанд.  

- Тибқи дурнамо дар мавсими имсолаи кишти тирамоҳӣ ва баҳори соли оянда дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят масоҳати майдонҳои кишти картошка ба 7800 гектар расонида мешавад, ки ин нисбат ба дурнамои соли гузашта 1700 гектар зиёд мебошад. Аз рӯи маълумотҳои оморӣ дар мавсими тирамоҳу баҳорони соли гузашта барзгарони бахшҳоиҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ аз 6100 гектар заминҳои кишти картошка зиёда аз 56 хаҳору 227 тонна осил ба даст оварда буданд.

Тавре Қ. Халилов иброз дошт дар баробари дурнамои кишти картошка дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ инчунин сокинони вилоят дар қитъаҳои наздиҳавлигии худ низ ба кишту парвариши картошкаҳои гуногуннавъ машғул буда, дар ғанисозии бозорҳои кишвар бо ин маҳсулоти серғизо ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар саҳми бағоят бузург мебозанд.

Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода