Ҳунари гулдӯзӣ холаи Рупиямоҳро ба Афғонистон бурд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 942
Ҳунар ганҷест пурзар ва ҳунарманд заргари бузургест, ки бо офаридаҳои зебояш дили инсонҳоро ба даст меоварад. Онҳоро байни мардум соҳиб иззату воломақом мегардонад. Қаҳрамони мо аз ҷумлаи онҳоест, ки бо ҳунараш имрӯз ҳама эҳтиромашро ба ҷо меоранду дӯсташ медоранд.
Рупиямоҳ Иброҳимова аз гулдӯзони моҳиру маъруфи ноҳияи овозадори Муъминобод буда, бо ин ҳунараш шогирдони зиёде ба воя расонидааст. Гулдӯзӣ аз ҳунарҳое буд, ки ин ҳунарманд дар хурдӣ онро аз худ карду то ҳанӯз ин пешаро идома дода, аз он нон мехӯрад. Ӯ ин ҳунарро аз модари бузургвораш омӯхтааст. Холаи Рупиямоҳ аз даврони кӯдакияш ёд овардаю мегӯяд: - Вақте модари раҳматиям ба даст сӯзан ва матоъ гирифта, болои айвони хона мебаромаданд, ман кӯдак будам, тахминан 14-15 сола. Он вақтҳо он қадар завқи бо модар сӯзан заданро доштам, ки рафта ман ҳам коре, ки очаам анҷом медод, дубора такрор мекардам. Ёд дорам, як рӯз ман дастамро бо сӯзан захмин кардам. Модарам, ки бисёр зани ҳалим буданд, аввал навозишам карданду баъд гуфтанд: «Бачам, гулдӯзӣ кори осон нест. Барои омӯхтани он, медонӣ дар дастҳои ман ҷойе намондааст, ки сӯзан надаромада бошад...» - бо завқ ёд меовард холаи Рупиямоҳ Иброҳимова.
Имрӯзҳо шогирдони зиёде, атрофи ин зани чирадаст нишаставу нозукиҳои сӯзанзанию гулдӯзиро меомӯзанд. Ин зани ҳунарманд бо маҳсули дасти худ, аз қабили чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, тоқидӯзӣ ва дигар ҳунарҳо рӯзгори худро пеш бурдаву дар эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ нақши сазовор гузошта истодааст.
Холаи Рупиямоҳ ин ҳунарро ба хубӣ аз худ кардааст. Мардуми деҳа ӯро ҳамчун гулдӯзи моҳир мешиносанд ва эҳтиромаш мекунанд. Кори ин бонуи ҳунарманд дар арафаи баҳору омадани Наврӯзи хуҷастапай хеле зиёд мешавад. Зеро ҳама аҳли деҳа мехоҳанд либосу ҷома ва тоқиҳои таҷассумгари баҳору наврӯзро ба бар кунанд, бинобар ин, ба хонаи ӯ меоянд.
- Аз ҳама чизе, ки завқи маро дучанд мекунанд, ин дӯхтани тоқӣ барои духтарону писарон аст. Зеро ҳангоми дар сари онҳо маҳсули дасти худро мебинам, дилам ором мегираду шукронаи касби омӯхтаам мекунам, - мегӯяд қаҳрамони мо.
То ба имрӯз Рупиямоҳ Иброҳимова дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ширкат карда, бо дастранҷи худ ин ҳунари аҷдодиро борҳо муаррифӣ кардааст. Ҳунараш холаи Рупиямоҳро то ба Ҷумҳурии Афғонистон бурд. Ин зан аз ҳунарманд будани худ ифтихор мекунад. Зеро ба гуфтаи ӯ ҳунар доштанаш буд, ки дар ҳама маҳфилу чорабиниҳои ноҳиявӣ гули сари сабад аст.
Холаи Рупиямоҳ фахр аз он менамояд, ки дар фазои осудаи кишвар ҳунари худро рушд медиҳаду оянда боз шогирдони зиёд омода мекунад. Ба қавли ин ҳунарманд эълон шудани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ривоҷ ёфтани ҳунарҳои милливу мардумӣ мусоидат карда истодааст. Чун ба ин васила ҳунармандон метавонанд сеху мактабҳои омӯзиши касб ташкил намуда, дар инкишофу муаррифии ҳунарҳои аҷдодӣ саҳмгузор бошанд.