Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ТЕРМИНАЛУ БАНКОМАТҲОИ БЕПУЛ


ТЕРМИНАЛУ БАНКОМАТҲОИ БЕПУЛ


Аксарияти терминалу банкоматҳои бозори Ҳоҷӣ Шарифи шаҳри Бохтар корношоям шудааст. Корношоям ба кадом маъно? Яъне, он банкомату терминалҳо ё кор намекунанд, ё маблағ надоранд. Пас, шахсоне, ки аз дигар шаҳру навоҳӣ ба ин ҷо меоянд, чӣ хел мабалғашонро аз банкомат гиранд?  

8 ноябри соли равон барои санҷидани ҳамин масъала ба бозори Ҳоҷӣ Шариф рафта, хостам аз банкомат маблағамро  гирам, аммо он кор намекард. Ба назди банкомати “Коммерсбонк” рафтам, ки дар назди он зане бо кӯдаки хурдсолаш истодааст. Маро диду гуфт: "Додарҷон, маблағамро аз банкомат гирифта деҳ!. Ман наметавонам. Ҳоло пуле надорам, ки роҳкиро карда ба хона баргардам". Вақте ки корташро ба банкомат мондам 62 сомонӣ маблағ доштааст. Мебояд 60 сомонии онро мегирифтам. Аммо банкомат пул надошт. То андозае муфлис буд, ки ҳатто 60 сомонӣ ба мо дода натавонист. Ҳайрон шудам, ки ин банкомату терминалҳо барои хизмат бошанд ё барои зебаш ё мисли "Хоҷа боғ дорӣ, дорам" бошад. Зан бошад ғамгину парешон ба дигар тараф бо ҳамроҳи кӯдаки хурдсолаш рафт. 

Акмал Саидов, чунин мегӯяд: “ҳамаи ин банкоматҳоро барои худнамоӣ мондаанд. Як рӯз бо умеди  чунин банкоматҳои муфлис тамоми рӯз азоби гӯшнагӣ кашидам. Аз ҷониби дигар “Амонатбонк” бояд аз корти худаш фоиз наситонад. Мутаассифона, аз дигар бонкҳо дида зиёдтар аз корти худаш мегирад". Ин аввалин маротиба нест, ки терминалу банкоматҳои шаҳр кор намекунанд. Чандин маротибае, ки мушоҳида кардам, ҳоло ҳам ҳамон "аҳмади порина". Боз як чизи ҷолибаш ин аст, ки дар баъзе аз нуқтаҳои шаҳр  тамоман терминалу банкоматҳо дида намешавад, аммо дар якчанд нуқтаҳои бозор бари ба бар 2-3 ададиро мебинем. Ҳамсуҳбати дигари мо Нуриддин Асоев низ мегӯяд: "На танҳо банкоматҳои бозори Ҳоҷӣ Шариф, балки 90%-и банкоматҳои шаҳри Бохтар корношоям буда, маблағе надоранд, ки дар вақти зарурӣ мардум ниёзи  худро анҷом диҳанд. Танҳо банкоматҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  кор мекунанду халос".

Чунин нафароне, ки аз роҳи дур барои гирифтани нафақа ё пули маош меоянд, кам нестанд. Бисёр ҳолатҳое шудааст, ки аз роҳи дур мардум омада аз саҳар то бегоҳ навбатпойӣ мекунанд. Магар аз чунин ҳолат масъулон бехабаранд? Чаро аз пайи бартараф кардани ин мушкилот намешаванд?

- Рӯзе 9 банкомати шаҳрро санҷидем, аммо аз ягонтоаш маблағи худро нагирифта, ноумед ба хона омадам. Аз ширкати "Душанбе Сити" хоҳиш, ки як банкомат дар назди донишгоҳ фаъол созад, то барои мо-донишҷӯён гирифтани маблағ осонтар гардад, - мегӯяд донишҷӯ Ҷасури Қиёмиддин.

Дар чунин вазъ наметавон талаботи сокинонро қонеъ кард. Дар баробари ин, дар як шаҳри рӯ ба тараққӣ ҷой доштани чунин мушкилот муносиб нест. Шояд пас аз хондани ин матлаб масъулини сарсониҳои муштариён огоҳ гашта,  масъулият ҳис намоянд ва аз пайи бартараф кардани мушкилот мешаванд.

Фирдавс УМАРОВ, 

Донишҷӯ

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода