Алоқаи мустаҳкам
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 638
Дар вақти донишҷӯи омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб буданам газетаю журналҳоро бо шавқу завқи калон мутолиа мекардам. Хабару мақолаҳои газетаҳои ҳаррӯзаро доимо мехондаму аз навигариҳои илму техника ва корнамоиҳои меҳнатдӯстони деҳот ва корнамоиҳои саноатӣ хабардор мешудам. Як рӯз қалам ба даст гирифта, аз ҳаёти студентони омӯзишгоҳи худамон хабаре навиштаму ба редаксияи газетаи «Ҳақиқати Кӯлоб» бурдам. Дар идораи рӯзнома хабарро аз дасти ман мудири шуъба гирифта хонду гуфт: - Чоп мекунем, ҳамин тавр хабару мақолаҳо навиштан гиред.
Рости гап, он вақт ному фамилия ва чикора будани дигар коркунони газетаро намедонистам, аз идораи газета ба омӯзишгоҳи худамон омадам. Ҳар пагоҳӣ назди дӯкони газетафурӯшӣ омада, газетаҳои навро гирифта нигоҳ мекардам, ки хабари ба редаксия супоридаам чоп шудааст, ё не. 19 майи соли 1957 шумораи навбатии газетаи «Ҳақиқати Кӯлоб»-ро аз дӯкони газетафурӯшӣ харида дидам, ки дар саҳифаи 2-юми он хабарам чоп шудааст ва онро хонда ниҳоят хурсанд шудам. Ҳамкурсҳоям ҳам хабари дар газета чопшударо хонда, маро табрик мекарданд ва аз ин ман хеле рӯҳу илҳоми тоза мегирифтам. Рӯзи истироҳат ба колхози ба номи Карл Маркс, райони Восеъ, ки дар он ҷо модарам зиндагӣ мекард, рафтам.
Бо ҳамроҳии якчанд сардори бригадаҳо ҳамсуҳбат шудам. Факту рақамҳоро гирифта, гуфтам, ки ман ба газета мақола менависам. Ҳамшаҳриҳоям аз ин гап ким-чи хел шуда, хоҳиш карданд, ки муваффақиятҳоро нависаму камбудиҳоро не. Дар бораи кори яслиҳои мавсимии бригадаҳо мақолаи танқидӣ навишта, ба идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб» супоридам. Мақола бо имзоҳои Қ. Холов, Ғ. Сафаров, Ш. Ёдгоров чоп шуд. Қариб дар ҳар шумораи газета гоҳо бо имзоҳои Ғ. Сафаров, Ш. Ёдгоров, Қ. Холов аз хоҷагиҳои райони Восеъ хабару мақолаҳо чоп мегардиданд.
Як рӯз ба идораи рӯзнома рафта, хабару мақолаҳоро супорида, аз кабинет баромаданӣ шудам, ки мудири шуъбаи мактубҳо Қ. Амиров ба ман таъкид карда гуфт, ки ба назди муҳаррир С. Ашӯров дароям. Ҳамин тавр ҳам кардам. Муҳаррир С. Ашӯров бо ман суҳбат кард. Дар бораи аҳволи зиндагӣ, хонданам пурсупос намуд ва баъд таъкид кард, ки алоқаро бо газета мустаҳкам кунам ва ба идораи газета тез-тез хабару мақола нависам.
Меҳри касби журналистӣ буд, ки қариб дар ҳамаи газетаҳо хабару мақолаҳои ман чоп мешуданд, меҳри ҳамин касб буд, ки ман дар ҳамин газета ходими адабӣ, мудири шуъба, котиби масъул, ҷонишини муҳаррир ва муҳаррир шуда кор кардам. Газетаи дӯстдоштаи мо «Роҳи ленинӣ» 50-сола шуд. Бо Укази Президиуми Совети Олии СССР газетаи «Роҳи ленинӣ»-ро бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофониданд. 50 сол! Ин ба гуфтан осон аст. Дар ин муддат газетаи дӯстдоштаамон «Роҳи ленинӣ» дар кори тарбияи коммунистии меҳнаткашон, тараққӣ додани ҳамаи соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, пешрафти илму техника, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, мустаҳкам кардани базаи моддию техникии коммунизм, пропаганда намудани қарорҳои партия ва ҳукумат, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам ва ғайраҳо корҳои зиёдеро ба ҷо овард.
Дар зарфи 28 соли ҳамкорӣ бо газета бо одамони касбу кори гуногун, пешқадамони истеҳсолот, офарандагони неъматҳои моддӣ ҳамсуҳбат шудам ва хабару мақолаҳо, очерку лавҳаҳои бешумор навиштам. Газетаи «Роҳи ленинӣ»-ро мактаби тарбияи кадрҳои журналистӣ гӯем, хато намекунем.
Бисёр журналистони номии вилоят дар саҳифаҳои ҳамин газета санҷиши қалам карданд. Аз ҳамин газета обрӯ ва шуҳрат пайдо карда, соҳиби қалами тези журналистӣ, соҳиби нишони сарисинагии журналистӣ гардиданд. Хонандагони сершумор бо номҳои журналистони ҷавони касбӣ Раҳмат Ташрифов, Мирзо Гадоев, Бобоҷон Абдулвоҳидов, Бӯрихон Амиров, Сафармад Аюбов, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Шералӣ Умаров ва бисёр дигарон аз газетаи «Роҳи ленинӣ» шинос шуданд. Қариб дар ҳамаи газетаи районӣ дастпарварони газетаи «Роҳи ленинӣ» кор мекунанд. Имрӯзҳо ҳамаи мо - дастпарварони газетаи «Роҳи ленинӣ» шоду хурсандем. Аз он хурсандем, ки партия ва ҳукумат ба кори журналистон ҳамеша баҳои баланд медиҳанд ва газетаи дӯстдоштаи мо «Роҳи ленинӣ»-ро бо ордени «Нишони фахрӣ» сазовор гардонданд.
Қ. ХОЛОВ,
муҳаррири газетаи «Субҳи меҳнат»,
(«Роҳи ленинӣ», майи соли 1983)