Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд



7 сентябр ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор гардид.

Таҷлили ҷашни муқаддас бо расми гузашти 30 ҳазор нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ, яъне муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот дар фазои тантанавӣ оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар майдони Дӯстии пойтахт Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо пешвоз гирифтанд.

Ба истиқболи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳайати шахсии Оркестри ҳарбӣ-нафасӣ мусиқии тантанавӣ таҳти унвони “Навои ифтихор” иҷро карда шуд.

Маросими бошукӯҳи ҷашнӣ бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони баргузории чорабинӣ оғоз гардид.
Мавриди зикри хос аст, ки Парчами давлатӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хос дорад. Оғози тамоми чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ дар Артиши миллӣ чун оини доимии низомиён бо ворид намудани Парчами давлатӣ шуруъ мегардад.

Қабл аз гузашти низомӣ, хизматчиёни ҳарбии ротаи қаровули фахрии Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун рамзи муқаддас аз назди иштирокчиёни паради ҳарбӣ гузаронида, дар сафи пеши дастаҳо қарор доданд.

Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо оид ба омодагии қисму воҳидҳои ҳарбӣ ба гузашти низомӣ гузориш дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи салом ба ҳайати шахсӣ онҳоро бо ҷашни бошукӯҳи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуда, доир ба ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол, фазои орому осудаи ин кишвари биҳиштосо ва рушду тараққиёти босуботу бонизоми Ватани азизамон дар зарфи 30 соли Истиқлоли миллӣ суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши барҷастаи таърихии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ махсус таъкид карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо бо хизмати софдилонаву ватандӯстонаи низомиёни кишвар, яъне фарзандони далеру ҷасур ва ғаюру шуҷои миллат ифтихор мекунем.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки низомиён қарзи фарзандӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати ҷавонмардии худро дар назди миллат, Ватан ва давлат минбаъд низ содиқона ба ҷо меоранд.

Баъд аз анҷоми суханронии Сарвари давлат ва зимни иҷрои Суруди миллӣ дар як вақт аз тӯпҳо 30 шиллик парронда шуд.

Сипас, бо амри фармондеҳи парад гузашти низомии 30 ҳазор нафар ҳайати шахсии қисму воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ шурӯъ гардид.

Таҳти навои оркестри ҳарбӣ-нафасӣ ҳайати шахсии қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар ҳайати дастаҳо вориди майдони баргузории чорабинӣ шуда, аз назди минбари ифтихорӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти низомӣ қадам заданд.

Дар паради ҳарбӣ шунавандагони Литсейи ҳарбӣ, афсарони дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону аскарони ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, афсарони хадамоти махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсантҳои муассисаҳои олии таълимии ҳарбии тобеи сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои таъйиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, занону бонувони Артиши миллӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, муҳассилини кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати захираҳои сафарбарӣ ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат фаъолона ширкат варзиданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки баргузории паради ҳарбӣ ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ аз дигар парадҳои ҳарбии замони соҳибистиқлолии кишвар ҳам аз ҷиҳати шукӯҳу шаҳомат ва ҳам вобаста ба теъдоди ҳайати шахсии иштирокчиёни он ба куллӣ фарқ мекунад.

Дар гузашта зимни баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ шумораи иштирокчиёни парадҳои ҳарбӣ дар майдони марказии пойтахт асосан аз 5 то 15 ҳазор нафарро ташкил медод, ки дар муқоиса ба гузашти низомии 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ теъдоди онҳо танҳо дар шаҳри Душанбе ба 30 ҳазор нафар баробар аст. Илова бар ин дар марказҳои маъмурии тамоми вилоятҳо ва ҳар як шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ низ бо ҷалби қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ парадҳои ҳарбӣ доир шуд, ки маҷмуан шумораи онҳо зиёда аз 162 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар баробари ширкати фаъолонаи низомиёни кишвар ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ, инчунин техникаҳои гуногуни вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, автомашинаҳои махсуси ҳарбӣ ва дигар намуди нақлиёти автомобилӣ, ки марбут ба қисмҳои низомӣ, захираҳои эҳтиётӣ ва воситаҳои моддӣ-техникии минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ маҳсуб меёбанд, дар марказҳои маъмурии вилоятҳо ва ҳар шаҳру ноҳияҳо дар як вақт бо иштирокчиёни гузашти ҳарбӣ ҳаракати намоишӣ доир намуданд.

Таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ барои ҳар фарди ватандору ватандӯст, хештаншиносу меҳанпараст ва ҷонибдори сулҳу оромӣ ҷашни муқаддас ва фаромӯшнопазир аст.

http://www.president.tj/node/26475

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода