Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳамкорӣ алайҳи хушунати оилавӣ


Ҳамкорӣ алайҳи хушунати оилавӣ



Зӯроварӣ дар оила як падидаи манфии иҷтимоӣ аст, ки мутахассисони ниҳодҳои давлатии ҳамаи кишварҳо бо он мубориза мебаранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест. Боиси хушнудист, ки солҳои охир дар вилояти Хатлон пешрафти назаррас дар тақвияти чораҳои мубориза бо хушунати хонаводагӣ ба қайд гирифта шудааст ва таҷрибаи мутахассисон дар сатҳи ноҳияҳо ва вилоят барои ҳамкасбонашон аз манотиқи дигари кишвар намунаи ибрат аст.

 Ҳамин тавр, ба шарофати ташаббуси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, солҳои 2017-2018 дар сатҳи вилоят ва ҳар яке аз 25 шаҳру ноҳияи он гурӯҳҳои кории байниидоравӣ оид ба мубориза бо зӯроварӣ дар оила (ГКБМЗО) таъсис дода шудаанд ва то имрӯз фаъолият мекунанд. Ба ин гурӯҳҳо мутахассисони шуъбаҳои Кумитаи кор бо занон ва оила, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуъбаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, САҲШ, намояндагони ҷамоатҳо ва ғайра шомиланд. Фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ аз ҷониби муовини раиси вилоятноҳия роҳбарӣ карда мешавад. Мақсади асосии ГКБМЗО мусоидат намудан дар тақвияти татбиқи чораҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», № 954, аз 19.03.2013 ва Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023 мебошад, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2014 қабул шудааст. Тавассути лоиҳаи Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV), ки аз ҷониби филиали GOPA mbH дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария амалӣ карда мешавад, 520 узви ГКБМЗО омӯзонида шуданд. Ҳамасола аъзоёни ГКБМЗО нақшаҳои кориро барои фаъолиятҳои махсус дар ин самт тартиб медиҳанд ва ҳам ба мақомоти минтақавӣ ва ҳам ба вазорату идораҳои мавриди ҳадаф гузориш медиҳанд.
 
Натиҷаҳои тадқиқот оид ба фаъолияти ГКБМЗО, ки соли 2021 аз ҷониби GOPA mbH гузаронида шудааст, нишон медиҳад, ки ҳар сол эътимоди аҳолӣ ба фаъолияти онҳо меафзояд ва муроҷиати аҳолӣ ба мутахассисони ГКБМЗО бештар мешавад. Ҳамин тариқ, дар соли 2018 ба мутахассисони ГКБМЗО аз вилояти Хатлон 397 қурбонии хушунати хонаводагӣ, дар соли 2019 - 580 ҷарбдида, дар соли 2020 - 426 ҷабрдида муроҷиат кардаанд. Ба туфайли тренингҳои сершумор барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки лоиҳаи PDV дар солҳои 2018-2020 гузаронидааст, сатҳи вокуниши нозирони минтақавии милитсия ба ҷиноятҳои хушунати хонаводагӣ дар тамоми минтақа афзоиш ёфтааст. Ҳамин тариқ, соли 2019 дар вилояти Хатлон 1851 амри муҳофизатӣ, дар соли 2020 - 2325 ва дар панҷ моҳи аввали соли 2021 - 1062 амр содир карда шуданд ва ходимони милитсия мутаносибан бо 5436, 6208 ва 2959 зӯровари оилавӣ суҳбатҳои пешгирикунанда гузарониданд.
 
Мутахассисони ГКБМЗО на танҳо ба ҷабрдидагон кумак ва ҳимояи мустақим мерасонанд, балки дар баланд бардоштани маърифати аҳолӣ бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила иштирок мекунанд. Ҳамин тариқ, мутахассисони ГКБМЗО таҳти роҳбарии намояндагони шуъбаҳои кор бо занон ва оила, дар доираи барномаи иттилоотии “Хона ба хона”, дар соли 2018 бо 55941 оила, дар соли 2019 бо 66570 оила, дар соли 2020 бо 184 581 оила ва дар панҷ моҳи аввали соли 2021 бо 26 314 оила суҳбат гузарониданд. Дараҷаи ҳамкорӣ байни мутахассисони сохторҳои давлатӣ боло рафтааст ва инро омори беҳтаршудаи сафарбарнамоии ҷабрдидаҳо ба созмонҳои ваколатдор, ки сари вақт ба ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила вокуниш нишон медиҳанд, нишон медиҳад. Вокуниши фаврӣ ба ҳолатҳои хушунати хонаводагӣ барои пешгирии осеби вазнини ҷисмонӣ, куштор ва худкушии ҷабрдидаҳо мусоидат мекунад.
 
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва дастгирии лоиҳаи PDV аз моҳи майи соли 2018 дар ин шаҳр утоқи ислоҳи рафтори зӯроварони оилавӣ фаъолият мекунад. Дар тӯли се соли кор мутахассисон ба зиёда аз 90 таҷовузкори оилавӣ хадамоти ислоҳи рафторро пешкаш карданд, яъне ба аксари оилаҳои онҳо сулҳу осоиштагӣ баргашт ва оилаҳо аз идомаи зӯроварӣ нисбати аъзои оила наҷот ёфтанд.
 
Албатта, дар баробари таҷрибаи мусбат, дар самти мубориза бо хушунати хонаводагӣ дар вилояти Хатлон мушкилоти зиёде низ вуҷуд дорад: зуд-зуд иваз шудани кадрҳо, зарурати такмили ихтисоси доимии мутахассисон, набудани хизматрасониҳои ройгон, ба монанди машварати психологӣ барои оилаҳо дар вазъияти хавф, машварати ҳуқуқӣ ва дастгирӣ дар суд барои ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ, паноҳгоҳҳои дарозмуддат ва хадамоти кумаки иқтисодӣ барои занони қурбонии хушунати хонаводагӣ. Умедворем, ки мақомоти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳамкориро бо мақомоти марказӣ, инчунин бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва байналмилалӣ идома медиҳанд, то ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ минбаъд низ ҳадди ақали бастаи хизматрасониҳои босифатро гиранд.
 
Фаъолияти ГКБМЗО дар вилояти Хатлон нишон дод, ки хушунати хонаводагӣ ҳамчун зуҳуроти манфии иҷтимоӣ метавонад пешгирӣ карда шавад ва бояд пешгирӣ карда шавад. Мутахассисон ва аъзои ҷомеа якҷоя метавонанд тафаккур ва муносибати аҳолиро ба ин мушкилот тағйир диҳанд, вокуниш нишон диҳанд ва аз такрори чунин амалҳо дар доираи муносибатҳои оилавӣ ҷилавгирӣ кунанд. Сулҳ ва хушбахтии оила бузургтарин арзишест, ки бояд ҳар як шахси оиладор онро қадр кунад.
 
Ҳангомаи Исмат,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода