Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ЁВОН МАРКАЗИ БУЗУРГИ САНОАТӢ ВА ЯКЕ АЗ НОҲИЯҲОИ ПЕШРАФТАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


ЁВОН МАРКАЗИ БУЗУРГИ САНОАТӢ ВА ЯКЕ АЗ НОҲИЯҲОИ ПЕШРАФТАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН




Ноҳияи Ёвон аз ҷумлаи минтақаҳои муҳимми иқтисодиву саноатии вилояти Хатлон ба шумор рафта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо  татбиқи  сиёсати  созандаву  бунёдкоронаи  давлат  ба  яке  аз ноҳияҳои  босуръат  рушдёбандаи  мамлакат  табдил  ёфтааст. Мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ, захираҳои фаровони ашёи хом, рушди саноат  ва  кишоварзӣ,  инчунин  ҷалби  сармоягузорӣ  барои  пешрафти устувори ноҳия заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Дар  доираи  татбиқи  ҳадафи  чоруми стратегии  мамлакат  -  саноатикунонии  босуръати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ноҳияи  Ёвон мавқеи  пешсафро  касб  намуда,  имрӯз  яке аз  марказҳои  асосии  истеҳсолии  вилояти Хатлон  ба  ҳисоб  меравад.  Солҳои  охир  бо таъсиси  даҳҳо  корхона  ва  коргоҳҳои  нави истеҳсолӣ иқтидори саноатии ноҳия ба таври назаррас  афзоиш  ёфта,  садҳо  ҷойҳои  нави корӣ таъсис дода шуданд.

Дар  ин  давра  корхонаҳои  истеҳсоли маҳсулоти  сохтмонӣ,  коркарди  пахта,  равғанбарорӣ,  истеҳсоли  маҳсулоти пластикӣ,  мебел,  дару  тирезаҳои  пластикӣ, хишти  сементӣ,  газоблок,  бетони  сохтмонӣ ва  дигар  маҳсулоти  ниёзи  мардум  мавриди истифода қарор гирифтанд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳимми рушди саноати ноҳия ба истифода дода шудани коргоҳи истеҳсоли  нуриҳои  минералии  (суперфосфат)  ҶДММ  «Талко  Кемикал»  бо  иқтидори истеҳсоли  75  ҳазор  тонна  маҳсулот  дар  як сол мебошад, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо нуриҳои минералӣ саҳми назаррас дорад.

Ҳамзамон, бо иштироки Пешвои миллат дар  ноҳияи  Ёвон  як  қатор  корхонаҳои  бузурги истеҳсолии дигар, аз ҷумла истеҳсоли гаҷкартон,  амстронг,  профилҳои металлӣ, механизмҳои борбардор ва дигар масолеҳи сохтмонӣ  ба  истифода  дода  шуданд,  ки иқтидори  истеҳсолии  ноҳияро  ба  таври  назаррас афзоиш доданд.

Дар  маҷмуъ,  танҳо  солҳои  2021-2026 дар  ноҳия  беш  аз  бист  корхона  ва  коргоҳи нави  истеҳсолӣ  ба  фаъолият  оғоз  намуда, барои  таъсиси  ҷойҳои  нави  корӣ,  афзоиши истеҳсолоти ватанӣ ва таҳкими иқтидори содиротии ноҳия заминаи мусоид гузоштанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ноҳияи Ёвон ба яке аз марказҳои фаъоли корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ табдил ёфт. Дар доираи омодагӣ ба  таҷлили  35-солагии  Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди 561 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Ба ҳолати  24  июли  соли  2026  бошад,  аллакай 640  иншоот  мавриди  истифода  қарор  гирифта, нақша 114,08 фоиз иҷро гардид. Ин нишондиҳанда  нисбат  ба  нақшаи  вилояти Хатлон  128,5  фоизро  ташкил  медиҳад.  Барои бунёди ин иншоотҳо зиёда аз 639,7 мил-лион сомонӣ маблағ равона шудааст.

Аз  ҷумла,  23  муассисаи  таълимӣ,  2  муассисаи тандурустӣ, 2 иншооти варзишӣ, 10 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, 39 иншооти таъмини оби нӯшокӣ, даҳҳо маркази савдо, хизматрасонӣ ва садҳо иншооти иҷтимоӣ ба  истифода  дода  шуданд,  Дар  баробари ин, 15 қитъаи роҳ мумфарш, 70 қитъаи роҳ сангфарш,  64  пул,  41  хатти  оби  нӯшокӣ, 48  трансформатори  барқӣ  ва  78  лоиҳаи чароғонкунӣ  амалӣ  гардида,  сатҳи  инфрасохтори ноҳия ба маротиб беҳтар шуд. Дар маркази  ноҳия  имрӯз  симои  нави  шаҳрсозӣ ташаккул ёфтааст. Сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ идома дошта, онҳо мутобиқ ба меъёрҳои  муосири  шаҳрсозӣ  бунёд  мегарданд.

Дар  сиёсати  иҷтимоии  давлат  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятнок эътироф гардида, дар ноҳияи Ёвон низ барои таҳкими заминаи  моддию  техникии  муассисаҳои таълимӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди  таҳсил  ва  баланд  бардоштани  сифати таълиму  тарбия  тадбирҳои  пайваста  амалӣ мешаванд.  Дар  солҳои  соҳибистиқлолӣ  дар ноҳия даҳҳо муассиса ва биноҳои иловагии таълимӣ  сохта,  мавриди  истифода  қарор гирифта,  имконияти  фарогирии  бештари кӯдакону  наврасон  ба  таълим  таъмин  гардид.

Танҳо  аз  соли  2021  то  соли  2026  дар муассисаҳои таълимии ноҳия садҳо синфхонаи  иловагӣ  бунёд  гардида,  барои  ҳазорон хонанда  шароити  таҳсил  дар  ду  баст фароҳам  оварда  шуд.  Аз  ҷумла,  дар  назди муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи  умумӣ  124 синфхонаи  иловагӣ  сохта,  мавриди  истифода  қарор  гирифт,  ки  имконияти  таҳсили беш  аз  6200  хонандаро  беҳтар  намуд.  Дар ин  давра  муассисаҳои  нави  таълимӣ,  аз ҷумла Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №82  дар  деҳаи  Гулистон-2  ва  Муассисаи таҳсилоти  миёнаи  умумии  №83  дар  деҳаи Ғорчашма бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.  Ҳамчунин,  муассисаҳои  хусусии томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдак таъсис ёфта,  барои  фарогирии  бештари  кӯдакон ба  таҳсилоти  ибтидоӣ  шароити  мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар  баробари  сохтмони  муассисаҳои нав,  ба  беҳтар  намудани  шароити  дохилии  муассисаҳои  таълимӣ  низ  таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳҳо  ва  дигар  иншооти  ёрирасон бунёд  мешаванд.  Тадбирҳои  амалигардида  дар  соҳаи  маориф  ба  коҳиш  додани  норасоии  ҷойи  нишаст,  баланд  бардоштани сатҳи сифати таълим ва фароҳам овардани муҳити муносиб барои омӯзгорону хонандагон мусоидат намудаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустии ноҳияи Ёвон низ ба марҳилаи нави рушд  ворид  гардид.  Бо  мақсади  беҳтар  намудани  дастрасӣ  ва  сифати  хизматрасонии тиббӣ,  таҳкими  заминаи  моддию  техникии муассисаҳои  тиббӣ,  бунёду  азнавсозии  иншооти  соҳа  ва  таъмин  намудани  онҳо  бо таҷҳизоти  муосир  тадбирҳои  муҳим  амалӣ шуданд.  Дар  ноҳия  шабакаи  муассисаҳои тиббӣ  пайваста  рушд  ёфта,  барои  расонидани  ёрии  аввалияи  тиббӣ  ба  аҳолӣ  дар ҷамоатҳои  деҳот  марказҳои  саломатӣ  ва бунгоҳҳои  тиббӣ  фаъолият  доранд.  Навсозии  муассисаҳои  мавҷуда  ва  бунёди  иншооти  нав  имконият  фароҳам  овард,  ки  сатҳи хизматрасонии тиббӣ беҳтар гардида, дастрасии аҳолӣ ба мутахассисони соҳа осонтар шавад.

Дар доираи корҳои созандагӣ барои рушди  соҳаи  тандурустӣ  низ  як қатор иншооти муҳим  бунёд  ва  азнавсозӣ  гардиданд.  Аз ҷумла, дар доираи нақшаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии  Истиқлоли  давлатӣ  сохтмони муассисаҳои нави тиббӣ ба роҳ монда шуда, барои беҳтар намудани шароити кории табибон  ва  хизматрасонӣ  ба  шаҳрвандон  заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Ҳамзамон, бо  афзоиши  имкониятҳои  иқтисодии  ноҳия ва рушди бахши хусусӣ дар соҳаи тандурустӣ низ муассисаҳои тиббии хусусӣ таъсис ёфта, доираи  хизматрасониҳои  тиббӣ  васеъ  гардид.

Дар  солҳои  соҳибистиқлолӣ  ба  рушди варзиш  ва  фароҳам  овардани  шароит  барои  машғулияти  ҷавонон  дар  ноҳияи  Ёвон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби наврасону  ҷавонон  ба  варзиш  ва  рушди  қобилияти 
варзишии  онҳо  дар  ноҳия  майдончаҳо  ва иншооти  варзишии  нав  сохта  шуданд.  Дар муассисаҳои таълимӣ низ барои машғулияти тарбияи  ҷисмонӣ  ва  омодагии  варзишии хонандагон  шароити  мусоид  муҳайё  гардидааст.  Дар  доираи  омодагӣ  ба  ҷашни 35-солагии  Истиқлоли  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ду  иншооти  варзишӣ  мавриди истифода қарор гирифта, барои рушди варзиши  оммавӣ  ва  омодасозии  варзишгарони ҷавон имкониятҳои нав фароҳам оварданд.

Гарчанде  ноҳияи  Ёвон  дар  солҳои  охир ҳамчун  минтақаи  муҳимми  саноатӣ  маъруф  гардидааст,  кишоварзӣ  ҳамоно  яке  аз бахшҳои муҳимми иқтисоди он ба ҳисоб меравад.  Истифодаи  самараноки  замин,  ҷорӣ намудани  усулҳои  нави  кишоварзӣ,  дастгирии  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ва  рушди  соҳаҳои боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ ба афзоиши  ҳаҷми  истеҳсолоти  кишоварзӣ  мусоидат намудаанд. Дар заминҳои кишоварзии ноҳия пахта, ғалладона, сабзавот, полезӣ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ парвариш карда мешаванд.  Фаъолияти  хоҷагиҳои  деҳқонӣ ва  соҳибкорони  соҳа  дар  таъмини  бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас мегузорад.

Таваҷҷуҳи  давлат  ба  рушди  соҳаи кишоварзӣ,  беҳтар  намудани  ҳолати  мелиоративии  заминҳо,  таъмин  бо  техникаи муосир  ва  дастгирии  истеҳсолкунандагони маҳаллӣ  имконият  фароҳам  овардааст,  ки иқтидори истеҳсолии соҳа тадриҷан афзоиш ёбад.

Яке  аз  самтҳои  асосии  сиёсати  созандагии  давлат  дар  ноҳияи  Ёвон  рушди  ин-фрасохтори  маҳаллӣ  мебошад.  Дар  солҳои истиқлолият  роҳҳо,  пулҳо,  хатҳои  оби нӯшокӣ, шабакаҳои барқӣ ва дигар иншооти муҳимми ҳаётӣ бунёд ва таҷдид гардиданд. 

Корҳои ободонӣ на танҳо маркази ноҳия, балки тамоми деҳаву маҳаллаҳоро фаро гириф-та, барои сокинон шароити беҳтари зиндагӣ муҳайё  намуданд.  Дар  доираи  нақшаҳои рушди  иҷтимоиву  иқтисодӣ  ва  омодагӣ  ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ даҳҳо лоиҳаи инфрасохторӣ амалӣ гардида, сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар шуд.

Ноҳияи  Ёвон  дар  татбиқи  ҳадафи  стратегии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  -  саноатику-нонии  босуръати  кишвар  нақши  шоиста дорад.  Мавҷудияти  захираҳои  бойи  ашёи хом,  мавқеи  мусоиди  ҷуғрофӣ  ва  ташаккули  инфрасохтори  истеҳсолӣ  ноҳияро  ба яке  аз  марказҳои  муҳимми  саноатии  вилояти  Хатлон  табдил додааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва азнавсозии иқтидорҳои мавҷуда истеҳсоли  маҳсулоти  сохтмонӣ,  нуриҳои минералӣ,  маҳсулоти  химиявӣ,  масолеҳи ороишӣ,  коркарди  ашёи  хоми  маҳаллӣ  ва дигар  самтҳои  истеҳсолӣ  рушд  ёфт.  Фаъолияти  чунин  корхонаҳои  бузург,  аз  ҷумла корхонаҳои  соҳаи  кимиё  ва  истеҳсоли масолеҳи  сохтмонӣ,  на  танҳо  ба  рушди иқтисоди  ноҳия,  балки  ба  таъмини  бозори  дохилӣ  бо  маҳсулоти  ватанӣ  ва  коҳиши вобастагӣ аз воридот мусоидат менамояд.

Ёвон  имрӯз  ҳамчун  яке  аз  минтақаҳои дорои иқтидори баланди саноатӣ дар ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди истеҳсолоти рақобатпазир саҳми арзанда мегузорад. Таҷрибаи рушди саноатии ноҳия  нишон  медиҳад,  ки  истифодаи  самараноки захираҳои маҳаллӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои  муосир  метавонад  ба  омили муҳимми  рушди  устувори  иқтисодӣ  табдил ёбад.

Бо идомаи сиёсати саноатикунонии мамлакат  ва  татбиқи  лоиҳаҳои  нави  истеҳсолӣ, ноҳияи  Ёвон  дар  солҳои  минбаъда  низ ҳамчун яке аз такягоҳҳои асосии рушди саноати вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши худро тақвият хоҳад бахшид.

Дар  даврони  истиқлол  симои  иҷтимоии ноҳия низ ба таври куллӣ тағйир ёфт. Садҳо иншооти  таълимӣ,  тандурустӣ,  варзишӣ, фарҳангӣ,  хизматрасонӣ  ва  инфрасохторӣ бунёд гардида, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар шуд.  Таъмини  рушди  соҳаҳои  маориф, тандурустӣ  ва  тарбияи  ҷисмонӣ  ҳамчун самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат барои ташаккули ҷомеаи солим ва босавод заминаи устувор гузошт.

Ноҳияи  Ёвон  имрӯз  бо  дастовардҳои саноатӣ, иқтидори инсонӣ ва саҳми арзандаи сокинонаш дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ифтихор мекунад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода