Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД ВА ОБОДОНӢ


НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД ВА ОБОДОНӢ




Дар  зарфи  35  соли  Истиқлоли  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун яке аз минтақаҳои  муҳими  иқтисодии  вилояти  Хатлон  роҳи  пурифтихори  рушду  созандагиро  тай  намуда,  ба  марҳилаи нави  тараққиёти  иҷтимоию  иқтисодӣ  ворид  гардид.  Агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ фаъолияти иқтисодии ноҳия асосан ба кишоварзӣ ва истеҳсолоти анъанавӣ такя мекард, имрӯз дар баробари рушди соҳаи аграрӣ, саноат, соҳибкорӣ,  сохтмон  ва  хизматрасонӣ  ба  самтҳои  муҳими пешрафти ноҳия табдил ёфтаанд.

Имрӯз  ноҳияи  Ҷалолиддини  Балхӣ  бо  инфрасохтори  муосир,  роҳҳои  обод, муассисаҳои  нави таълимӣ ва тандурустӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва марказҳои хизматрасонӣ яке аз ноҳияҳои рушдёбандаи вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.

Дар  доираи  омодагӣ  ба  ҷашни  35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъати бесобиқа пайдо карданд. Тибқи нақшаи тасдиқшуда, бунёди 340 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ гардида, бо дарназардошти 29 иншооти иловагӣ шумораи умумии онҳо ба  369  адад  расонида  шуд.  То  имрӯз  ҳамаи  иншооти мазкур  бо  маблағи  умумии  299  миллиону  410  ҳазору 254 сомонӣ сохта ба истифода дода шуда, барои аҳолӣ 574  ҷойи  нави  корӣ  муҳайё  гардид.  Ин дастоварди назаррас  натиҷаи  ҳамкории  самарабахши  мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сокинони ноҳия буда, аз сатҳи баланди ҳисси ватандӯстӣ ва саҳмгузории мардум дар ободии диёр шаҳодат медиҳад.

Дар доираи иншооти ҷашнӣ 110 иншоот дар соҳаи маориф,  22  иншоот  дар  соҳаи  тандурустӣ,  9  иншоот дар соҳаи фарҳанг, 5 иншоот дар соҳаи варзиш, 8 корхона  ва  коргоҳи  саноатӣ,  35  километр  роҳҳои  таъмиршуда, 103,2 километр роҳҳои сангфарш, 15 пул ва иншооти роҳсозӣ, 10,7 километр хатҳои оби нӯшокӣ, 8 бинои истиқоматии бисёрошёна ва даҳҳо иншооти дигари иҷтимоию хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар  баробари  ин,  корҳои  сохтмонӣ  дар  як  қатор иншооти муҳими нав, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, марказҳои  хизматрасонӣ,  биноҳои  маъмурӣ,  иншооти варзишӣ ва манзилҳои истиқоматӣ идома доранд.

Дар сиёсати иҷтимоии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳаи  маориф  ҷойгоҳи  махсус  дорад.  Дар  даврони истиқлолият барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия шабакаи муассисаҳои таълимӣ пай-васта  густариш  ёфта  истодааст.  Дар  доираи  корҳои созандагӣ  муассисаҳои  нави  таълимӣ,  синфхонаҳои иловагӣ  ва  марказҳои  томактабӣ  бунёд  гардидаанд. 

Танҳо дар доираи барномаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлол 20 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 18 муассисаи томактабӣ таъмиру азнавсозӣ шудаанд. Айни замон дар ноҳия сохтмони як қатор муассисаҳои нави таълимӣ идома дорад. Аз ҷумла, дар деҳаи Шурзамини Ҷамоати деҳоти Навоӣ бинои нави таълимӣ барои 500 хонанда ва дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60-и Ҷамоати шаҳраки Гулистон бинои таълимӣ барои 640 хонанда бунёд мегардад. Ҳамчунин сохтмони  хобгоҳи  мактаб-интернати  ҷумҳуриявии  кӯдакони ятим  ва  муассисаи  нави  мактаби  варзишии  кӯдакону наврасон барои 500 ҷойи нишаст идома дорад.

Яке  аз  самтҳои  муҳими  рушди  ноҳия  дар  солҳои соҳибистиқлолӣ  татбиқи  сиёсати  саноатикунонии  босуръати мамлакат мебошад. Дар солҳои охир иқтидори истеҳсолии  ноҳия  афзоиш  ёфта,  корхонаҳои  нави истеҳсолӣ  ба  фаъолият  оғоз  намуданд.  Дар  доираи рушди  саноат  корхонаҳои  истеҳсоли  орд,  маҳсулоти макаронӣ, нону қаннодӣ, маҳсулоти бетонӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва дигар коргоҳҳои хурду миёна бунёд гардидаанд.

Бо дастгирии давлат ва фароҳам овардани шароити  мусоид  соҳибкорони  маҳаллӣ  фаъолияти  худро васеъ  намуда,  дар  рушди  иқтисоди  ноҳия  ва  таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар Ҷамоати деҳоти “Маданият” сохтмони маркази агрологистикӣ дар масоҳати 2 гектар бо маблағи 51,5 миллион сомонӣ идома дорад. Иншоот барои таъсиси 50 ҷойи корӣ пешбинӣ шуда, иқтидори коркарди он ба 10 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мерасад.

Дар даврони Истиқлол инфрасохтори муҳандисӣ ва шаҳрсозии ноҳия марҳила ба марҳила такмил ёфт. Таъмиру мумфарш намудани роҳҳо, бунёди шабакаҳои оби нӯшокӣ, равшанидиҳии кӯчаҳо ва сохтмони маҳаллаҳои нав симои ноҳияро ба куллӣ дигаргун сохт. Дар шаҳраки “Балх” тибқи нақшаи генералӣ сохтмони 18 бинои бисёрошёнаи  истиқоматӣ  оғоз  гардида,  бо  тарҳи  муосири миллӣ  амалӣ  шуда  истодааст.  Равшанидиҳии  кӯчаҳо низ ба яке аз самтҳои муҳими ободонӣ табдил ёфтааст. Дар ноҳия зиёда аз 73 километр роҳҳо бо 1393 чароғи муосир  равшан  карда  шудаанд,  ки  ба  зебоии  муҳити шаҳрӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии сокинон мусоидат менамояд.

Марҳилаи  нави  рушди  ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ  ба  сафари  кории  Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои  2022,  2024  ва  2025  вобастагии  мустақим  до-рад. Дар доираи ин сафарҳо як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ мавриди истифо-да қарор гирифта, ба раванди ободонию созандагӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.

Дар  солҳои  соҳибистиқлолӣ  муассисаҳои  танду-рустии  ноҳия  аз  таъмири  асосӣ  бароварда  шуда,  бо таҷҳизоти  муосири  тиббӣ  таъмин  гардиданд.  Бунёди марказҳои  саломатӣ,  бунгоҳҳои  тиббӣ  ва  беҳтар  намудани  заминаи  моддию  техникии  соҳа  имкониятҳои хизматрасонии  тиббиро  васеъ  намуд.  Ҳамзамон,  бо мақсади рушди варзиши оммавӣ майдончаҳои варзишӣ ва  иншооти  солимгардонӣ  бунёд  гардиданд.  Ин тадбирҳо барои тарбияи ҷисмонии наврасону ҷавонон ва рушди ҳаракати варзишӣ дар ноҳия шароити мусоид фароҳам оварданд.

Дар соҳаи фарҳанг низ корҳои назаррас анҷом ёфта, муассисаҳои  фарҳангӣ,  китобхонаҳо  ва  марказҳои фароғатӣ ба рушди маънавии ҷомеа хизмат мекунанд.

Ноҳияи  Ҷалолиддини  Балхӣ  ҳамчун  минтақаи муҳими  кишоварзии  вилояти  Хатлон  дар  солҳои истиқлол ба рушди истеҳсолоти аграрӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Истифодаи самараноки заминҳо, рушди  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ва  дастгирии  кишоварзон  боиси  афзоиши  истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ  гардид. Дар  баробари  ин,  ба  масъалаҳои  ҳифзи  муҳити  зист ва кабудизоркунӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешавад. Ҳазорон  дарахти  сояафкану  ороишӣ  шинонида  шуда, кӯчаву  маҳаллаҳо  ва  минтақаҳои  истироҳатӣ  ободу зебо гардиданд.

Имрӯз  ноҳияи  Ҷалолиддини  Балхӣ  ба  марҳилаи нави рушди сифатӣ ворид шудааст. Афзоиши иқтидори истеҳсолӣ,  рушди  соҳибкорӣ,  бунёди  инфрасохтори муосир  ва  беҳтар  гардидани  сатҳи  хизматрасониҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки ноҳия дар роҳи рушди устувор қадамҳои устувор мегузорад.

Дар  зарфи  35  соли  Истиқлоли  давлатӣ  ноҳия  аз як  минтақаи  дорои  имкониятҳои  маҳдуд  ба  яке  аз марказҳои муҳими иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон табдил  ёфт.  Имрӯз  симои  нави  ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ таҷассумгари сиёсати созандаи давлат, меҳнати созандаи  мардум  ва  эътимод  ба  фардои  ободи Тоҷикистон мебошад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода