Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ноҳияи Муъминобод ба яке аз минтақаҳои ободу пешрафтаи вилояти Хатлон табдил ёфта, имрӯз бо дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисоду иҷтимоъ, рушди сайёҳӣ ва бунёди инфрасохтори муосир мақоми шоистаи худро соҳиб гардидааст. Ин ноҳияи кӯҳистон, ки бо табиати нотакрор, мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва мардуми меҳнатқаринаш шуҳрат дорад, дар партави сиёсати созандаи Пеш-вои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи нави рушду ободониро паси сар намуд.
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ симои Муъминобод ба таври назаррас Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ симои Муъминобод ба таври назаррас дигаргун гардид. Даҳҳо муассисаи иҷтимоӣ, марказҳои хизматрасонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти варзишиву фарҳангӣ ва роҳҳои замонавӣ бунёд шуда, барои беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум заминаи устувор фароҳам омад. Ҳар як иншооти нав таҷассумгари сиё-сати инсонмеҳваронаи давлат ва натиҷаи заҳмати аҳлонаи сокинони ноҳия мебошад. Яке аз хусусиятҳои хоси рушди Муъминобод он аст, ки корҳои созандагӣ пайваста бо сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи лоиҳаҳои муҳимми давлатӣ густариш ёфтаанд. Дар ҳар як сафари Сарвари давлат ба ноҳия даҳҳо иншооти муҳимми иҷтимоиву истеҳсолӣ ба истифода дода шуда, барои рушди минбаъдаи ноҳия такони тоза бахшидааст.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муъминобод як қатор иншооти муҳимми иҷтимоӣ ва маъмурӣ бунёд гардиданд, ки имрӯз ба сокинон хизмат мерасонанд. Аз ҷумла, Қасри фарҳанг бо арзиши 9 миллиону 750 ҳазор сомонӣ, варзишгоҳи марказӣ бо 7040 ҷойи нишаст ба маблағи 12 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, бинои маъмурии филиали «Тоҷиксодиротбонк» бо маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 624 ҷойи нишаст дар деҳаи Чашмасор бо маблағи 16 миллиону 975 ҳазор сомонӣ, ки бо маблағгузории Бонки исломии рушд сохта шудааст, инчунин бинои маъмурии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия мавриди истифода қарор гирифтанд. Бунёди чунин иншоотҳо барои рушди фарҳанг, варзиш, маориф ва таҳкими инфрасохтори давлатӣ аҳамияти калон дошт.
Соли 2019 дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба Муъминобод боз як марҳилаи муҳимми созандагӣ оғоз гардид. Бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ҷумҳуриявии табобати бемориҳои дил, ки барои 112 кат пешбинӣ гардида, бо 109 ҷойи корӣ фаъолият мекунад, ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, бинои нави прокура-тураи ноҳия, майдончаи варзишӣ, меҳмонхонаи «Муъминобод», қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли обҳои ташнагишикан, ки 20 ҷойи кори доимӣ ва 100 ҷойи кори мавсимӣ таъсис дод, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ин иншоотҳо на танҳо инфрасохтори ноҳияро мустаҳкам намуданд, балки барои рушди соҳаи тандурустӣ, саноат ва сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Марҳилаи дигари созандагӣ ба соли 2020 рост меояд. Дар ин сол дар доираи сафари навбатии Пешвои миллат дар деҳаи Панҳдараи Ҷамоати деҳоти «Чилдухтарон» маҷмааи сайёҳии «Чилдухтарон» мавриди истифода қарор гирифт. Бунёди ин маҷмаа бо назардошти имкониятҳои бузурги сайёҳии ноҳия ба рушди соҳаи туризм такони ҷиддӣ бахшид. Ҳамзамон, дар деҳаи Заркамар корхонаи коркарди меваю сабзавот ва маҳсулоти ширӣ бо таъсиси 24 ҷойи кори доимӣ ва 60 ҷойи кори мавсимӣ, боғи фарҳангиву фароғатӣ дар Ҷамоати деҳоти «Деҳибаланд» ва роҳи мошингарди Чилдухтарон – Ховалинг ба масофаи 11 километр мавриди истифода қарор гирифтанд. Бо бунёди ин роҳ дастрасии сайёҳон ба яке аз мавзеъҳои нодири табиии Тоҷикистон хеле осон гардида, имкониятҳои нави рушди хизматрасонии сайёҳӣ ба вуҷуд омаданд.
Соли 2021 низ барои Муъминобод соли дастовардҳои муҳимми иқтисодиву иҷтимоӣ буд. Дар ҷараёни сафари Пешвои миллат корхонаи муштараки истеҳсоли шарбат ҶДММ «Тоҷвайн», ки 40 ҷойи кори доимӣ ва 100 ҷойи кори мавсимӣ таъсис додааст, ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, осорхонаи бостоншиносӣ, майдони Парчами давлатӣ, фермаи чорвои калони ширдеҳ, фермаи мурғпарварӣ, ҳавзи моҳипарварӣ, иншооти нигоҳдории маҳсулот, меҳмонхонаи «Кишоварз», инчунин 50 гектар токзор бунёду барқарор ва 35 километр роҳи Кӯлоб-Муъминобод таҷдиду навсозӣ гардид. Ин иқдомҳо иқтидори иқтисодии ноҳияро таҳким бахшида, барои рушди сайёҳӣ, кишоварзӣ ва истеҳсолот имкониятҳои нав фароҳам оварданд.
Дар баробари бунёди иншооти муҳимми иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар ноҳияи Муъминобод низ хусусияти устувор касб намудааст. Татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва рушди сайёҳӣ боиси он гардид, ки имрӯз шароити зиндагии сокинон ба маротиб беҳтар шуда, имкониятҳои нави рушд барои наслҳои оянда фароҳам омадааст.
Соҳаи маориф аз ҷумлаи бахшҳое мебошад, ки дар даврони истиқлолият ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, аз ҷумла муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 624 ҷойи нишаст дар деҳаи Чашмасор, инчунин навсозии муассисаҳои мавҷуда барои беҳтар гардидани шароити таҳсил ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия заминаи мусоид фароҳам овард. Имрӯз дар муассисаҳои таълимии ноҳия омӯзгорон бо истифода аз имкониятҳои нави таълимӣ дар тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва дорои ҷаҳонбинии муосир саҳми арзанда мегузоранд. Зеро рушди устувори ҳар ҷомеа, пеш аз ҳама, аз рушди сармояи инсонӣ оғоз меёбад.
Тандурустӣ низ дар солҳои истиқлол марҳилаи сифатан нави рушдро паси сар намуд. Ба истифода додани Маркази ҷумҳуриявии табобати бемориҳои дил, ки дорои 112 кат ва 109 воҳиди корӣ мебошад, на танҳо барои ноҳияи Муъминобод, балки барои тамоми минтақаи Кӯлоб рӯйдоди муҳимми иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Бо фаъол гардидани ин муассисаи муосир сатҳи хизматрасонии кардиологӣ беҳтар гардида, имконияти ташхис ва табобати бемориҳои дил дар маҳал ба маротиб зиёд шуд. Дар баробари ин, дигар муассисаҳои тиббии ноҳия низ марҳила ба марҳила навсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосир таъмин шуданд.
Яке аз самтҳои ояндадори рушди Муъминобод соҳаи сайёҳӣ мебошад. Табиати нотакрор, манзараҳои зебои кӯҳистон, чашмаҳои мусаффо ва ёдгориҳои таърихӣ ин ноҳияро ба яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии мамлакат табдил додаанд. Дар ин замина, бунёди маҷмааи сайёҳии «Чилдухтарон», таҷдиди роҳи Чилдухтарон-Ховалинг ва сохтмони меҳмонхонаҳои «Муъминобод» ва «Кишоварз» имкониятҳои нави рушди туризмро ба вуҷуд оварданд. Имрӯз Муъминобод тадриҷан ба яке аз марказҳои сайёҳии кӯҳистони вилояти Хатлон табдил ёфта, барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ имкониятҳои бештар пайдо мекунад.
Дар баробари рушди сайёҳӣ, соҳаи саноат низ дар ноҳия қадамҳои устувор мегузорад. Ба истифода додани корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли шарбат ва обҳои ташнагишикан, инчунин рушди соҳаҳои чорводорӣ, мурғпарварӣ, моҳипарварӣ ва токпарварӣ аз сиёсати ҳадафмандонаи давлат дар самти ташкили занҷираи пурраи истеҳсолот дарак медиҳад. Корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла ҶДММ «Тоҷвайн», садҳо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода, барои баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва аф-зоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир саҳми арзанда мегузоранд.
Муъминобод ҳамзамон, яке аз ноҳияҳои дорои имкониятҳои хуби рушди кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Барқарорсозии 50 гектар токзор, бунёди фермаҳои чорвои ширдеҳ, мурғпарварӣ ва ҳавзҳои моҳипарварӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ноҳия тадриҷан истеҳсолоти муосири агросаноатӣ ташаккул меёбад. Ин раванд барои таъмини амнияти озуқаворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиши иқтидори содиротии ноҳия аҳамияти муҳим дорад.
Дар солҳои охир ба рушди фарҳанг ва тарбияи ҳисси худшиносии миллӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Бунёди Қасри фарҳанг, Осорхонаи бостоншиносӣ, Майдони Парчами давлатӣ ва дигар иншооти фарҳангиву маърифатӣ муҳити фарҳангии ноҳияро ғанӣ гардонида, барои эҳёи анъанаҳои миллӣ ва муаррифии таъриху тамаддуни минтақа саҳми арзанда гузоштааст. Имрӯз ин иншоотҳо ба маркази баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатӣ табдил ёфтаанд.
Ин ҳама дастовардҳо гувоҳи онанд, ки Муъминобод имрӯз аз марҳилаи корҳои ҷудогонаи сохтмонӣ гузашта, ба марҳилаи рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоӣ ворид гардидааст. Ҳар як иншооти нав, корхонаҳои истеҳсолӣ ва иқдомҳои созанда таҷассумгари сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди устувори минтақаҳои кӯҳистон мебошад.
Агар дар оғози солҳои истиқлолият ҳадафи асосӣ барқарорсозии инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити одии зиндагӣ буд, имрӯз Муъминобод ба марҳилаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ворид гардида, бо қадамҳои устувор ба сӯи фардои боз ҳам ободу пешрафта ҳаракат мекунад. Имрӯз симои ноҳия ба куллӣ дигаргун шудааст. Қасри бошукӯҳи фарҳанг, варзишгоҳи замонавӣ, муассисаҳои нави таълимӣ, Маркази ҷумҳуриявии табобати бемориҳои дил, қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонхонаҳои муосир, корхонаҳои саноатӣ, осорхонаи бостоншиносӣ, майдони Парчами давлатӣ, фермаҳои муосири чорводорӣ ва мурғпарварӣ, ҳавзҳои моҳипарварӣ, токзорҳои нав ва даҳҳо иншооти дигари иҷтимоиву истеҳсолӣ имрӯз симои нави Муъминободро таҷассум мекунанд. Ҳар яке аз ин иншоотҳо аҳамияти бузурги иҷтимоӣ дошта, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум заминаи боэътимод фароҳам овардаанд.
Хусусияти муҳимми рушди Муъминобод дар он аст, ки корҳои созандагӣ бо истифодаи самараноки имкониятҳои табиӣ ва иқтидори иқтисодии ноҳия ҳамоҳанг пеш бурда мешаванд. Дар баробари рушди соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат, ба ташаккули инфрасохтори сайёҳӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст. Бунёди маҷмааи сайёҳии «Чилдухтарон», навсозии роҳҳои мошингард, сохтмони меҳмонхонаҳои муосир ва ҳифзу муаррифии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ имкониятҳои нави рушди сайёҳии дохиливу байналмилалиро фароҳам овардаанд. Имрӯз Муъминобод тадриҷан ҳамчун яке аз минтақаҳои ояндадори сайёҳии кӯҳистони Тоҷикистон мавқеи худро таҳким мебахшад.
Дар баробари ин, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли шар-бат, обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти ширӣ, инчунин рушди токпарварӣ, моҳипарварӣ ва чорводорӣ аз татбиқи амалии ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръат дарак медиҳад. Садҳо ҷойҳои нави кори доимӣ ва мавсимӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти ин корхонаҳо таъсис ёфтаанд, барои баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии сокинон аҳамияти калон доранд.
Муъминободи имрӯз бо Муъминободи оғози солҳои истиқлолият қиёснопазир аст. Он аз ноҳияи дорои имкониятҳои маҳдуди инфрасохторӣ ба минтақае табдил ёфтааст, ки дар он рушди иқтисод, иҷтимоиёт, сайёҳӣ ва истеҳсолот дар ҳамоҳангӣ пеш меравад. Ин дигаргуниҳо самараи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва меҳнати содиқонаи мардуми сарбаланди ноҳия мебошанд.
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
