Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Дар харитаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ноҳияи Фархор имрӯз ҳамчун яке аз минтақаҳои ободу пешрафтаи вилояти Хатлон шинохта мешавад. Ин диёри бостонӣ, ки бо таърихи ғанӣ, заминҳои ҳосилхез ва мардуми меҳнатқаринаш маъруф аст, дар солҳои Истиқлоли давлатӣ марҳилаи сифатан нави рушди худро оғоз намуд. Солҳои соҳибистиқлолӣ барои ноҳияи Фархор солҳои созандагӣ, ободонӣ ва бунёди садҳо иншооти муҳими иҷтимоиву истеҳсолӣ буданд.
Кӯчаҳои нав, роҳҳои мумфарш, мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои тандурустӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ди-гар иншооти муосир имрӯз симои ноҳияро куллан дигаргун намудаанд. Ҳар як иншооти нав на танҳо нишонаи пешрафти инфрасохтор, балки далели баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинон ва густариши имкониятҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.
Нишондиҳандаҳои рушди ноҳия дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам возеҳтар инъикос меёбанд. Тибқи нақша, дар ноҳия бунёду азнавсозии 400 иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ гардида буд. Вале натиҷаҳо аз нақша пеш гузаштанд. То охири соли 2025 ба ҷойи 324 иншооти пешбинишуда 336 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Танҳо дар соли 2026, ки сохтмони 76 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, то давраи ҳисоботӣ 145 иншоот ба истифода дода шуда, иҷрои нақша ба 191 фоиз расид. Дар маҷмӯъ, аз соли 2022 то нимсолаи аввали соли 2026 дар ноҳия 481 иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, ки 120 фоизи нақшаи ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад. Ин нишондиҳандаҳо аз иқтидори баланди созандагӣ, ташаббускории соҳибкорон, саҳми аҳолӣ ва ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ шаҳодат медиҳанд.
Яке аз самтҳои асосии пешрафти Фархор рушди сармояи инсонӣ мебошад. Дар ноҳия барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, муҳайё намудани шароити арзандаи таҳсил ва тарбияи насли соҳибмаърифат тадбирҳои густурда амалӣ шудаанд. Имрӯз дар ноҳия 82 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 10 муассисаи томактабӣ, 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 60 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 муассисаи типи нав ва як парваришгоҳи наздимактабӣ фаъолият мекунанд. Дар онҳо 45 ҳазору 56 нафар хонанда, аз ҷумла 21 ҳазору 859 нафар духтар, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 1340 нафар зиёд мебошад. Ин афзоиш аз афзоиши аҳолӣ ва ҳамзамон беҳтар гардидани имкониятҳои дастрасӣ ба таҳсил дарак медиҳад.
Таваҷҷуҳи махсус ба тарбияи кӯдакони синни томактабӣ низ аз дастовардҳои муҳими солҳои охир маҳсуб мешавад. Дар баробари фаъолияти 10 муассисаи томактабӣ, ки 850 кӯдакро фаро гирифтаанд, дар ноҳия 325 маркази инкишофи барвақтии кӯдак амал мекунад. Ба воситаи онҳо 8119 кӯдак ба тарбия ва омӯзиши ибтидоӣ фаро гирифта шудаанд. Бо дастгирии шарикони рушд ва мақомоти давлатӣ даҳҳо маркази нави рушди барвақт бо мебел, воситаҳои таълимӣ ва таҷҳизоти муосир таъмин гардиданд.
Дар рушди маориф нақши омӯзгорон низ муассир аст. Имрӯз дар муассисаҳои таълимии ноҳия 2963 омӯзгор, аз ҷумла 1842 нафар зан, фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 2308 нафар дорои маълумоти олӣ мебошанд, ки ин барои баланд бардоштани сифати таълим заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Бо мақсади қонеъ намудани талаботи афзояндаи аҳолӣ ба муассисаҳои таълимӣ айни ҳол дар ноҳия сохтмони 9 иншооти соҳаи маориф идома дорад. Дар доираи ин лоиҳаҳо 147 синфхона барои 3516 ҷойи нишаст ва як муассисаи томактабӣ барои 140 кӯдак бунёд мегардад. Ба истифода додани ин иншоот имконият медиҳад, ки шароити таҳсил боз ҳам беҳтар гардида, мушкилоти норасоии ҷойи нишаст пурра бартараф шавад.
Дар баробари рушди маориф, дар ноҳияи Фархор соҳаи тандурустӣ низ бо суръати баланд рушд карда, барои беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифа-ти тиббӣ иқдомҳои муассир амалӣ шуданд. Танҳо дар солҳои 2022-2026 дар ноҳия 5 маркази саломатӣ, 9 бунгоҳи тиббӣ ва 2 таваллудхона сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин тадбирҳо имконият фароҳам оварданд, ки сокинони деҳаҳои дурдаст низ ба хизматрасонии босифати тиббӣ дастрасии бештар пайдо намоянд.
Рушди соҳаи истеҳсолот яке аз самтҳои муҳими пешрафти иқтисодии ноҳия маҳсуб мешавад. Бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва татбиқи сиёсати давлатии саноатикунонии босуръат дар ноҳия корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, барои сокинон ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардиданд. Дар ин давра 17 корхона ва сехи истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли биринҷ, хишти пухта, масолеҳи сохтмонӣ, равғанбарорӣ, осиёб, дӯзандагӣ, макарон, истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва дигар коргоҳҳо таъсис дода шуданд. Ҳар як чунин иқдом иқтидори истеҳсолии ноҳияро афзоиш дода, барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ низ мусоидат мекунад.
Рушди инфрасохтор дар Фархор имрӯз яке аз нишондиҳандаҳои сиёсати бунёдкорона ба ҳисоб меравад. Солҳои охир
роҳсозӣ ба яке аз самтҳои афзалиятнок табдил ёфта, дар натиҷа симои шаҳраку деҳоти ноҳия куллан дигаргун гардид. Дар солҳои 2022-2026 зиёда аз 104 километр роҳ мумфарш, қариб 69 километр роҳ сангфарш, 19 пул бунёду азнавсозӣ гардида, даҳҳо километр новаҳои бетонӣ ва қубурҳои обгузар сохта шуданд. Ин тадбирҳо ҳаракати бемамониати нақлиётро таъмин намуда, имкониятҳои иқтисодии деҳотро васеъ гардониданд ва рафтуомади аҳолиро осон намуданд.
Ҳамзамон, дар доираи рушди инфрасохтори муҳандисӣ шабакаҳои барқ ва оби нӯшокӣ низ густариш ёфтанд. Дар ин муддат дар 41 деҳа зиёда аз 80 километр хатҳои равшанидиҳӣ насб гардида, даҳҳо трансформатори нав мавриди истифода қарор гирифт. Дар чандин деҳа хатҳои нави оби нӯшокӣ кашида шуда, бо истифода аз чоҳҳои амудӣ ва дигар иншооти муҳандисӣ сатҳи таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ беҳтар гардид. Ин ҳама дар маҷмӯъ ба баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат намуд.
Ба рушди тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Дар давраи истиқлол, бахусус солҳои охир, дар ноҳия 19 майдончаи варзишӣ ва як толори варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Имрӯз ҷавонон дар шароити муносиб ба машқу тамрин машғул шуда, дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъол доранд. Ин иншоотҳо на танҳо барои рушди варзиш, балки барои тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон нақши муассир мебозанд.
Дар радифи корҳои созандагӣ, омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо суръати баланд идома дорад. Дар арафаи ҷашн як қатор иншооти муҳими давлатӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла бинои нави шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, биноҳои маъмурии ҷамоат, литсейи касбии техникӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва меҳмонхонаҳо мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Ба истифода супоридани иншооти мазкур боз як қадами устувор дар роҳи рушди минбаъ-даи ноҳия хоҳад буд.
Фархор имрӯз роҳи интихобкардаи худро бо итминон идома дода, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебарад. Ободии деҳоту маҳаллаҳо, афзоиши ҳаҷми сохтмон, беҳтар гардидани шароити таълиму тандурустӣ, рушди истеҳсолот ва соҳибкорӣ, навсозии роҳҳо ва шабакаҳои муҳандисӣ далели равшани самараи сиёсати хирадмандона ва созандаи давлату Ҳукумат мебошанд. Дастовардҳои ноҳияи Фархор дар солҳои соҳибистиқлолӣ танҳо маҷмӯи рақамҳо ва иншооти бунёдшуда нестанд. Дар паси ҳар як мактаби нав, ҳар як маркази саломатӣ, ҳар километр роҳи мумфарш, ҳар корхонаи истеҳсолӣ ва ҳар иншооти хизматрасонӣ заҳмати содиқонаи мардум, ташаббуси соҳибкорон ва сиёсати бунёдкоронаи давлат қарор дорад. Маҳз ҳамин ҳамгироии манфиатҳои давлат ва ҷомеа имкон дод, ки Фархор дар муддати кӯтоҳи таърихӣ симои худро ба куллӣ дигаргун созад.
Имрӯз ноҳия бо инфрасохтори муосир, рушди бемайлони соҳаҳои иҷтимоӣ, густариши фаъолияти истеҳсолӣ ва беҳтар гардидани муҳити соҳибкорӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ бо дастовардҳои шоиста қадам мегузорад. Агар дар оғози солҳои истиқлол масъалаҳои бунёдии иҷтимоӣ, аз қабили норасоии муассисаҳои таълимӣ, хизматрасонии тиббӣ, роҳҳои нақлиётӣ ва шабакаҳои муҳандисӣ аз мушкилоти асосӣ маҳсуб мешуданд, имрӯз вазъият комилан дигар аст.
Боиси ифтихор аст, ки дар баробари ободонии маркази ноҳия, корҳои созандагӣ тамоми деҳотро низ фаро гирифтаанд. Сохтмони роҳҳо, хатҳои барқ, шабакаҳои оби нӯшокӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва иншооти варзишӣ дар даҳҳо деҳа нишон медиҳад, ки сиёсати рушди мутаво-зини минтақаҳо дар Фархор пайгирона амалӣ мегардад. Маҳз ҳамин ра-ванд боис гардидааст, ки имрӯз фарқи байни марказ ва деҳот тадриҷан коҳиш ёфта, сокинони тамоми ҷамоатҳо аз имкониятҳои нави иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баҳравар мешаванд.
Имрӯз Фархор бо итминон ба фардо менигарад. Захираҳои бузурги кишоварзӣ, иқтидори афзояндаи саноатӣ, рушди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва ташаббуси созандаи мардум барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат заминаи устувор фароҳам овардаанд. Бешубҳа, ин ноҳияи бостонӣ минбаъд низ бо дастовардҳои нав дар рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон ва Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Ноҳияи Данғара имрӯз яке аз минтақаҳои ободу пешрафтаи вилояти Хатлон шинохта мешавад. Ин диёри...
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
