Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КӮШОНИЁН: ИШТИРОК ДАР ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ВА МАККАИ ДОН ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «КАМОЛ»


КӮШОНИЁН: ИШТИРОК ДАР ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ВА МАККАИ ДОН ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «КАМОЛ»



Имрӯз, 6 сентябр, дар ноҳияи Кӯшониён Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои кишоварзӣ боздид намуда, дар ҷамъоварии ҳосили пахта ва маккаи дон дар хоҷагии деҳқонии «Камол»-и ноҳия иштирок намуданд.

Хоҷагии деҳқонии «Камол» соли 2015 таъсис ёфта, дар деҳаи Гулистони ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа фаъолият мекунад. Хоҷагӣ яке аз воҳидҳои кишоварзии маҳаллӣ буда, дар самти истифодаи самараноки замин ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ фаъолияти мунтазам ба роҳ мондааст.

Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 7,20 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин масоҳат 5 гектар ба кишти пахта, 1,20 гектар ба гандум ва 1 гектар ба кишти маккаи дон ҷудо гардидааст. Ҳамзамон, дар хоҷагӣ дар майдони 1,20 гектар кишти такрории маккаи дон гузаронида шудааст.

Айни замон дар хоҷагӣ корҳои омодагӣ барои оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта ва маккаи дон ба анҷом расида, деҳқонон барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани маҳсулоти кишоварзӣ омодагӣ мебинанд.

Зимни боздид Раиси вилояти Хатлон бо деҳқонон суҳбат намуда, оид ба вазъи заминҳо, нигоҳубини зироатҳо, ҳосилнокӣ ва раванди ҷамъоварии маҳсулот маълумот гирифтанд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва меҳнати деҳқон баҳои мусбат дода, таъкид намуданд, ки истифодаи самараноки замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва сари вақт анҷом додани корҳои кишоварзӣ барои ба даст овардани ҳосили хуб ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ аҳамияти муҳим дорад.

Дар идомаи боздид рафти ҷамъоварии маккаи дон мушоҳида гардида, барои дар муҳлатҳои муайяншуда ҷамъоварӣ намудани ҳосил ва пешгирӣ аз талафоти маҳсулот тавсияҳои дахлдор дода шуд.

Таъкид гардид, ки рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳои корам, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии мамлакат мебошад.

Кишти такрории маккаи дон дар хоҷагӣ низ яке аз роҳҳои самараноки истифодаи замин ба ҳисоб рафта, имкон медиҳад, ки аз замин дар як сол бештар маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оварда шавад.

Маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта яке аз муҳимтарин давраҳои корҳои кишоварзӣ ба шумор рафта, натиҷаи заҳмати чандмоҳаи кишоварзонро ҷамъбаст менамояд. Аз ин рӯ, сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва таъмини даромади хоҷагиҳои деҳқонӣ аҳамияти калон дорад.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода