Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Ноҳияи Данғара имрӯз яке аз минтақаҳои ободу пешрафтаи вилояти Хатлон шинохта мешавад. Ин диёри бостонӣ, ки бо таърихи ғанӣ, заминҳои ҳосилхез ва мардуми меҳнатқаринаш маъруф аст, дар солҳои Истиқлоли давлатӣ марҳилаи сифатан нави рушди худро оғоз намуд. Солҳои соҳибистиқлолӣ барои ноҳияи Данғара солҳои созандагӣ, ободонӣ ва бунёди садҳо иншооти муҳимми иҷтимоиву истеҳсолӣ буданд. Кӯчаҳои нав, роҳҳои мумфарш, мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои тандурустӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншооти муосир имрӯз симои ноҳияро куллан дигаргун намудаанд. Ҳар як иншооти нав на танҳо нишонаи пешрафти инфрасохтор, балки далели баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинон ва густариши имкониятҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.
Нишондиҳандаҳои рушди ноҳия дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам возеҳтар инъикос меёбанд. Тибқи нақша, дар ноҳия бунёду азнавсозии 165 иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ гардида буд. Вале натиҷаҳо аз нақша пеш гузаштанд. То охири соли 2025 ба ҷойи 165 иншооти пешбинишуда 529 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Танҳо дар соли 2026, ки сохтмони 53 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, нимаи якуми сол 86 иншоот ба истифода дода шуда, иҷрои нақша ба 162 фоиз расид. Дар маҷмуъ, аз соли 2022 то нимсолаи аввали соли 2026 дар ноҳия 615 иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, ки 372,7 фоизи нақшаи ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад. Ин нишондиҳандаҳо аз иқтидори баланди созандагӣ, ташаббускории соҳибкорон, саҳми аҳолӣ ва ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ шаҳодат медиҳанд.
Яке аз самтҳои асосии пешрафти Данғара рушди сармояи инсонӣ мебошад. Дар ноҳия барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, муҳайё намудани шароити арзандаи таҳсил ва тарбияи насли соҳибмаърифат тадбирҳои густурда амалӣ шудаанд. Имрӯз дар ноҳия 110 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 11 муассисаи томактабӣ, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 94 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 4 муассисаи типи нав фаъолият мекунанд. Дар онҳо 53606 нафар хонанда, аз ҷумла 25878 ҳазору 859 нафар духтар, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 2659 нафар зиёд ме-бошад. Ин афзоиш аз афзоиши аҳолӣ ва ҳамзамон беҳтар гардидани имкониятҳои дастрасӣ ба таҳсил дарак медиҳад.
Таваҷҷуҳи махсус ба тарбияи кӯдакони синни томактабӣ низ аз дастовардҳои муҳимми солҳои охир маҳсуб мешавад. Дар баробари фаъолияти 11 муассисаи томактабӣ, ки 2525 кӯдакро фаро гирифтаанд, дар ноҳия 90 маркази инкишофи барвақтии кӯдак амал мекунад. Ба воситаи онҳо 4200 кӯдак ба тарбия ва омӯзиши ибтидоӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар рушди маориф нақши омӯзгорон низ муассир аст. Имрӯз дар муассисаҳои таълимии ноҳия 2617 омӯзгор, аз ҷумла 1422 нафар зан, фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 2023 нафар дорои маълумоти олӣ мебошанд, ки ин барои баланд бардоштани сифати таълим заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар баробари пешрафти маориф, дар ноҳияи Данғара соҳаи тандурустӣ низ бо суръати баланд рушд карда, барои беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ иқдомҳои муассир амалӣ шуданд.
Танҳо дар солҳои 2022-2026 дар ноҳия 6 маркази саломатӣ, 10 бунгоҳи тиббӣ ва 3 таваллудхона сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин тадбирҳо имконият фароҳам оварданд, ки сокинони деҳаҳои дурдаст низ ба хизматрасонии босифати тиббӣ дастрасии бештар пайдо намоянд.
Рушди соҳаи истеҳсолот яке аз самтҳои муҳимми пешрафти иқтисодии ноҳия маҳсуб мешавад. Бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва татбиқи сиёсати давлатии саноатикунонии босуръат дар ноҳия корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, барои сокинон ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардиданд. Дар ин давра 25 корхона ва сехи истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаҳои хишти пухта, масолеҳи сохтмонӣ, равғанбарорӣ, дӯзандагӣ, макарон, истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва дигар коргоҳҳо таъсис дода шуданд.
Рушди инфрасохтор дар Данғара имрӯз яке аз нишондиҳандаҳои сиёсати бунёдкорона ба ҳисоб меравад. Солҳои охир роҳсозӣ ба яке аз самтҳои афзалиятнок табдил ёфта, дар натиҷа симои шаҳраку деҳоти ноҳия куллан дигаргун гардид. Дар солҳои 2022-2026 116,2 километр роҳ мумфарш, 197,3 километр роҳ сангфарш, 20 пул бунёду азнавсозӣ гардида, даҳҳо километр новаҳои бетонӣ ва қубурҳои обгузар сохта шуданд.
Ҳамзамон, дар доираи рушди инфрасохтори муҳандисӣ шабакаҳои барқ ва оби нӯшокӣ низ густариш ёфтанд. Дар ин муд-дат 77 адад истгоҳи барқии нав мавриди истифода қарор гирифт. Дар чандин деҳа хатҳои нави оби нӯшокӣ кашида шуда, бо истифода аз чоҳҳои амудӣ ва дигар иншооти муҳандисӣ сатҳи таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ беҳтар гардид.
Ба рушди тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Дар давраи истиқлол, бахусус солҳои охир, дар ноҳия 17 майдончаи варзишӣ ва як толори варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Имрӯз ҷавонон дар шароити муносиб ба машқу тамрин машғул шуда, дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъол доранд.
Дар радифи корҳои созандагӣ, омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо суръати баланд идома дорад. Дар арафаи ҷашн як қатор иншооти муҳимми давлатӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла бинои нави Нозироти андоз, бинои маъмурии Маркази ташхиси минтақавии “Тоҷикстандарт”, хобгоҳҳо барои омузгорон ва марказҳои хизматрасонӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Ноҳияи Данғара имрӯз роҳи интихоб-кардаи худро бо итминон идома дода, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебарад. Ободии деҳоту маҳаллаҳо, афзоиши ҳаҷми сохтмон, беҳтар гардидани шароити таълиму тандурустӣ, рушди истеҳсолот ва соҳибкорӣ, навсозии роҳҳо ва шабакаҳои муҳандисӣ далели равша-ни самараи сиёсати хирадмандона ва созандаи давлату Ҳукумат мебошанд.
Дастовардҳои ноҳияи Данғара дар солҳои соҳибистиқлолӣ танҳо маҷмӯи рақамҳо ва иншооти бунёдшуда нестанд. Дар паси ҳар як мактаби нав, ҳар як маркази саломатӣ, ҳар километр роҳи мумфарш, ҳар корхонаи истеҳсолӣ ва ҳар иншооти хизматрасонӣ заҳмати содиқонаи мардум, ташаббуси соҳибкорон ва сиёсати бунёдкоронаи давлат қарор дорад. Маҳз ҳамин ҳамгироии манфиатҳои давлат ва ҷомеа имкон дод, ки ноҳияи Данғара дар муддати кӯтоҳи таърихӣ симои худро ба куллӣ дигаргун созад.
Ноҳияи Данғара имрӯз бо Данғараи оғози солҳои истиқлолият қиёснопазир аст. Агар он солҳо ҳадафи асосӣ ҳифзи суботи ҷомеа ва барқарорсозии иқтисодиёт буд, имрӯз ноҳия ба марҳилаи рушди устувор, навсозии инфрасохтор ва таҳкими иқтидори иқтисодӣ ворид гардидааст. Ин пешрафтҳо натиҷаи татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати давлат, фаъолияти босамари мақомоти маҳаллӣ ва заҳмати содиқонаи сокинони ватандӯст мебошанд.
Имрӯз ноҳияи Данғара бо итминон ба фардо менигарад. Захираҳои бузурги кишоварзӣ, иқтидори афзояндаи саноатӣ, рушди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва ташаббуси созандаи мардум барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат заминаи устувор фароҳам овардаанд. Бешубҳа, ин ноҳияи бостонӣ минбаъд низ бо дастовардҳои нав дар рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон ва Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
