290 ИНШООТИ ТАЪЛИМИВУ ТОМАКТАБӢ ДАР ХАТЛОН БУНЁД МЕШАВАД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 95
![]()
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бунёду ба истифода додани 290 иншооти таълимиву томактабӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи нақша, соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 210 муассисаи таълимӣ барои 54 ҳазору 674 ҷойи нишаст дар як баст бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешавад. То 1 августи соли ҷорӣ 55 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуда, бунёди 155 муассисаи дигар идома дорад.
Ҳамзамон, дар самти таҳсилоти томактабӣ сохтмон ва ба истифода додани 80 муассиса пешбинӣ гардидааст. То 1 август 34 иншоот, аз ҷумла 5 кӯдакистон ва 29 маркази инкишофи кӯдакон мавриди истифода қарор гирифтаанд.
То охири соли 2026 бунёди боз 46 муассисаи томактабӣ, 36 кӯдакистон ва 10 маркази инкишофи кӯдакон ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷмуъ, муассисаҳои нави томактабӣ барои фарогирии 15 ҳазору 411 кӯдак пешбинӣ шудаанд.
Бунёди иншооти нави соҳаи маориф имкон медиҳад, ки шароити таълиму тарбия дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беҳтар гардида, мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ ва фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ марҳила ба марҳила коҳиш дода шавад.
«Хатлон»
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...