Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ду бунгоҳи нави тиббӣ дар Балҷувон ба истифода дода шуд


Ду бунгоҳи нави тиббӣ дар Балҷувон ба истифода дода шуд



Дар ноҳияи Балҷувон бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои табобату ташхис ду бунгоҳи нави тиббӣ ба истифода дода шуд.

Яке аз ин бунгоҳҳо дар деҳаи дурдасти Ширинчашмаи ҷамоати деҳоти Сафобахш мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти мазкур барои сокинони деҳа имконият фароҳам меорад, ки ба хизматрасонии аввалияи тиббӣ дар маҳалли зисти худ дастрасӣ дошта бошанд.

Ҳамзамон, дар деҳаи Диффати ҷамоати Куҳаншаҳр низ бунгоҳи тиббии нав ба истифода дода шуд. Бунёди чунин иншоот дар маҳалҳо барои пешгирии бемориҳо, ташхиси саривақтӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам месозад.

Ифтитоҳи ду бунгоҳи тиббӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода