ДАР ДЕҲАИ КАЛФИ САБАДИ НОҲИЯИ ЁВОН МАЙДОНИ ВАРЗИШӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 88
![]()
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар деҳаи Калфи Сабади ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид майдони муосири варзишӣ барои бозии футбол мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти варзишӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти оммавӣ гардонидани варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди футбол ва ҷалби наврасону ҷавонон ба машқу тамрин бунёд гардидааст.
Майдони нави футбол бо ташаббус ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ, махсусан ҷавонони деҳа сохта шуда, андозаи он 90 ба 60 метр мебошад. Бунёди чунин як иншооти варзишӣ дар деҳот барои рушди ҳаракати варзишӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои машқу тамрини ҷавонон қадами муҳим ба ҳисоб меравад.
Яке аз хусусиятҳои асосии майдони варзишӣ бо сабзаи сунъӣ муҷаҳҳаз гардидани фарши он мебошад. Ин имкон медиҳад, ки футболбозон дар шароити муносиб ва дар сатҳи зарурӣ ба тамрин машғул шуда, барои баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ имконият фароҳам гардад.
Дар ду паҳлуи майдони футбол барои тамошобинон нишастгоҳҳо бо ғунҷоиши умумии 1000 нафар бунёд гардидаанд. Ҳамчунин, дар ҳудуди варзишгоҳ минбар ва ду утоқ барои иваз намудани либоси варзишгарон сохта шудааст. Ин шароитҳо имконият медиҳанд, ки минбаъд дар ин майдон на танҳо машқҳои ҳаррӯза, балки мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва дигар чорабиниҳои варзишӣ низ баргузор карда шаванд.
Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва зебоии муҳити атроф варзишгоҳ бо симтури оҳанин иҳота карда шуда, дар гирду атрофи он ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шудаанд. Сабзкорӣ ва ободонии атрофи иншоот ба ҳусни маҳал зебоии бештар бахшида, барои фароҳам овардани муҳити солим мусоидат мекунад.
Барои бунёд ва сохтмони варзишгоҳ то имрӯз зиёда аз 2,5 миллион сомонӣ маблағ масраф гардидааст. Ин маблағгузорӣ аз ҷониби соҳибкорон ва ҷавонони маҳаллӣ далели таваҷҷуҳи ҷомеа ба рушди варзиш ва фароҳам овардани шароити муносиб барои насли наврас мебошад.
Мавриди истифода қарор гирифтани майдони нави футбол барои кӯдакону наврасон ва ҷавонони деҳаи Калфи Сабад имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Акнун онҳо метавонанд вақти холии худро самаранок истифода бурда, мунтазам ба варзиш машғул шаванд ва маҳорати касбии худро дар намуди дӯстдоштаи варзиш — футбол такмил диҳанд.
Рушди инфрасохтори варзишӣ дар маҳалҳо яке аз омилҳои муҳими ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва пешгирии зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ мебошад. Бо фароҳам гардидани чунин шароит наврасон бештар ба машғулиятҳои варзишӣ ҷалб шуда, барои тарбияи ҷисмонии солим ва ташаккули рӯҳияи ватандӯстӣ заминаи мусоид фароҳам меояд.
Ҳамзамон, мавҷудияти майдони замонавии футбол метавонад барои ошкор намудани истеъдодҳои нави варзишӣ дар байни ҷавонони деҳа ва омода намудани футболбозони ҷавон замина гузорад. Бо ташкили машқҳои мунтазам ва мусобиқаҳои маҳаллӣ сатҳи омодагии варзишгарон баланд гардида, барои иштироки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ ва минтақавӣ имконият фароҳам хоҳад шуд.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...