ОҒОЗИ МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «БОБОИ ФАЙЗУЛЛО»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 230
![]()
Имрӯз, 19 август зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагии деҳқонии «Бобои Файзулло», воқеъ дар деҳаи Навдии деҳоти Хуррамдиёр иштирок намуданд.
Зимни боздид таъкид гардид, ки пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ дар вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, рушди ин соҳа дар таъмини бозори дохилӣ бо ашёи хом, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот нақши муҳим дорад.
Хоҷагии деҳқонии «Бобои Файзулло» таҳти роҳбарии Алиев Дӯстмурод фаъолият намуда, майдони умумии замини он 5 гектарро ташкил медиҳад. Дар хоҷагӣ 20 нафар саҳмдор ба фаъолияти кишоварзӣ машғул мебошанд.
Соли ҷорӣ саҳмдорони хоҷагӣ дар майдони 5 гектар навъи пахтаи «Флора»-ро кишт намудаанд. Барои ба даст овардани ҳосили фаровон дар давраи нашъунамои пахта корҳои агротехникӣ сари вақт анҷом дода шуда, нигоҳубини зироат ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Мувофиқи маълумоти хоҷагӣ, соли 2025 саҳмдорон аз ҳар як гектар 40 сентнерӣ пахта ҷамъоварӣ намуда буданд. Имсол онҳо ҳадаф гузоштаанд, ки нишондиҳандаи ҳосилнокиро то 50 сентнер аз ҳар гектар расонанд. Дар сурати амалӣ гардидани ин ҳадаф, аз майдони умумии 5 гектар гирифтани то 250 сентнер, ё 25 тонна пахта пешбинӣ мешавад.
Дар оғози маъракаи ҷамъоварии пахта Раиси вилояти Хатлон бо саҳмдорони хоҷагӣ суҳбат намуда, ба онҳо барои меҳнати софдилона, истифодаи самараноки замин ва гирифтани ҳосили баланд изҳори сипос карданд. Ҳамзамон, ҷиҳати идомаи босифати корҳои ҷамъоварӣ, пешгирӣ аз талафоти ҳосил ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани пахта масъулин ва кишоварзон ба иҷрои тадбирҳои зарурӣ ҳидоят шуданд.
Зикр гардид, ки ҷамъоварии саривақтии ҳосил ва истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда барои иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ ва таъмини натиҷаҳои назаррас дар соҳаи пахтакорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...