БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШНАМОИИ РОҲИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИИ ДЕҲАИ ЗАРКАРОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 142
![]()
Имрӯз, 19 август, зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни оғози корҳои таъмиру мумфаршнамоии роҳи аҳамияти маҳаллии деҳаи Заркарон боздид намуданд.
Роҳи мошингарди мазкур яке аз роҳҳои муҳими маҳаллӣ ба ҳисоб рафта, деҳаи Заркаронро бо дигар маҳалҳои аҳолинишин ва маркази ноҳия пайваст менамояд. Масофаи умумии роҳи мавриди назар 1,8 километрро ташкил медиҳад.
Корҳои омодагӣ барои таъмиру мумфарш намудани роҳи мазкур моҳи июли соли 2026 дар доираи дастуру роҳнамоии Раиси вилояти Хатлон ва бо дастгирии бевоситаи сокинони маҳал оғоз гардидаанд. Сокинони деҳа бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва бо мақсади ободонии маҳалли зист дар амалисозии ин иқдом саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
Барои таъмиру мумфарш намудани роҳи 1,8-километра аз ҳисоби сокинони маҳал беш аз 1,2 миллион сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ гардидааст. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ин қитъаи роҳ бомаром идома дошта, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани он тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Зимни боздид Раиси вилояти Хатлон бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуда, бо масъулон ва сокинони маҳал суҳбат намуданд. Таъкид гардид, ки ободонии роҳҳои маҳаллӣ яке аз омилҳои муҳими беҳтар намудани инфрасохтори деҳот, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Бо таъмиру мумфарш гардидани роҳи мазкур мушкилоти солҳои зиёд доштаи сокинони деҳаи Заркарон то андозае бартараф гардида, шароити рафтуомади онҳо беҳтар хоҳад шуд. Ҳамзамон, ин роҳ барои сокинони деҳаҳои ҳамсоя ва аҳолии деҳоти Дӯстӣ низ аҳамияти муҳим дошта, рафтуомади онҳоро ба маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ осон менамояд.
Дар доираи ин иқдом, беҳтар гардидани ҳолати роҳ ба ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, дастрасии осонтари сокинон ба маркази ноҳия, муассисаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти иҷтимоиву маишӣ мусоидат хоҳад кард.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо сокинони маҳал саҳми онҳо дар ободонии деҳа ва рушди инфрасохтори маҳаллиро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки ташаббусҳои созандаи сокинон дар ҳамбастагӣ бо тадбирҳои давлативу маҳаллӣ метавонанд ба рушди босуботи маҳал ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум мусоидат намоянд.
Сокинони деҳаи Заркарон низ иброз доштанд, ки мумфарш гардидани роҳи мазкур барои онҳо муҳим буда, натиҷаи ҳамкории сокинони маҳал ва дастгирии роҳбарияти вилояту ноҳия ба ҳисоб меравад.
Мавриди зикр аст, ки ҷалби сокинон ба корҳои ободониву созандагӣ ва саҳмгузории онҳо дар рушди инфрасохтори маҳаллӣ дар солҳои охир ба яке аз самтҳои муҳими ташаббусҳои созанда дар вилоят табдил ёфтааст.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...